Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
зарурат ва сади рамақ оид ва даромаде ба даст меоварад, вазъу ҳоли подшоҳ ва давлатманди бузургро орзу намекунад ва ба ҳоли он ғибта намехӯрад.
Ихтилофи аҳвол ва тавофути иқдор ҳама касро ба олами худ қонеъ намудааст. Ҳамаи инҳо ба далоили ҳикмат ва тадбиру шавоҳиди лутфи раҳмати рифъати офаридгори ҷаҳон аст.....
Муқоиса дар ахлоқ
Касе, ки мехоҳад дар ахлоқу одоти худ тасарруф ва ислоҳ бикунад, бояд аз ахлоқу сифоту одоти мардум огоҳ шуда, онҳоро бо ахлоқу сифоту одоти худ муқоиса бинамояд. Ва бидонад, ки ӯ ҳам монанди дигарон аст, афроди башар мисли ӯ шабеҳи ҳамдигаранд.
Агар дид, ахлоқи сифоти хубе дар онҳо аст, бояд бидонад, ки дар ӯ ҳам монанди онҳо ҳаст, - ошкор аст ва ё ниҳон. Агар зоҳир аст, бояд муроқибу мавоҷиби онҳо бошад то маҳву нобуд нагардад ва агар пинҳон аст, бояд онҳоро ба ҳаяҷон дароварда ва зинда бикунанд ва дар ин кор мусомеҳаву саҳланкориро ба худ роҳ надиҳад. Дар ин сурат ин ахлоқу сифат дар арсаи вақт ва ба осонтарин васила даъвати соҳибашро иҷобат менамоянд.....
Сиёсати мард дар бораи зан
Зани шоиста ва неку шарики мард аст дар мулкаш ва қайими ӯст дар молаш ва ҷонишини вай аст дар хонааш ва амини вай аст дар парваришу тарбияти фарзандаш.
Авсофи беҳтарини занҳо
Беҳтарин занест, ки дорои сифоти зайл бошад:
-
Хирадманд бошад.
-
Диндор бошад.
-
Бошарм бошад.
-
Зираку бофатонат бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё