Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Худо ба инсон қувваи таммиз дода, ба сабаби он фарқи байни хайру шарр ва тавофут байни рашаду гумроҳиро барои ӯ маълуму равшан намудааст. Ва низ бо сабаби ҳамин қувваи фазл сонеъро ба маснуъ ва моликро ба мамлук ва зиммдори сиёсатро ба касоне, ки тахти сиёсату тадбири вай воқеанд, фаҳмондааст.

Инсон ба василаи ин қувва муҷаҳҳазу мутаммакин шудааст бо ин ки он чиро, ки байни холиқу махлуқ мебошад, бишносад ва офаридгору сонеъи қадимро барои олам исбот бикунад.

Тавофути байни авлоди башар

Худованд пас аз он ки ба одамиён ин мазоё ва фазилатро ато фармуда, ба фазлу рафъати худ неъмати дигар низ ба онон додааст. Ва он иборат аз ин аст, ҳамон тавр, ки мардумро ба ҳайси амлоку манозил ва маротиб мутавофут қарор додааст, аз ҳайси укул ва ороъ низ ононро мутавофут офаридааст........

Хирадмандон медонанд, ки агар ҳамаи мардум подшоҳу шаҳриёр бишаванд, ҳамагӣ аз байн мераванд. Ва агар ҳамааш ранҷбару коргар ва тобею раият бишаванд, подшоҳу султон дар байн набошад, ҷумлагӣ фонӣ ва ҳалок мешаванд. Ҳамчунон ки агар ҳамагӣ дар тавонгарӣ ва сарват мусовӣ ва баробар ба якдигар бишаванд, касе барои касе кор намекунад ва атову муованати дӯст аз дӯст мунқатеъ мегардад. Ва ҳамагӣ фақиру мӯҳтоҷ бошанд, аз фақру фалокат ва бечорагӣ ҷон месупоранд. Пас тавофути аҳвол ва ихтилофи иқдор сабаби бақои зиндагии одамизодагон мебошад.

Марди бехирад ва беадабе, ки ба кӯчатарин сабабе баҳраву насиби худро аз дунё ба даст меоварад, чун дар ҳоли хирадмандӣ маҳрум аз мол ва дар қудрати марди бобасират, ки аз таҳавуллот ва татавурроти рӯзгор ба ҳузну биное қадам бармедорад, тааммул мекунад, гумон ва балки яқин мекунад ба ин ки моле ки ба ӯ ба даст овардааст, аз ақлу хирад, ки фоқиди он аст, бештар соҳибэътибор аст ва соҳибадаб. Вақте ки ҳоли молдор ва сарватманди нодонро таҳти мутолиаву назар қарор медиҳад, ба таври яқин худро бартару болотар аз ӯ бидонад. Дастварзу санъаткоре, ки аз санъату дастварзии худ ба андозаи

пешина
аз 566
навбатӣ