Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
НОСИРИ ХУСРАВ
(1004 — 1089)
Адиб ва мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрав дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистони имрӯза ба дунё омадааст. Зиндагии шоир асосан дар шаҳрҳои Қубодиён, Балх ва Марв гузашта ӯ дар дарбори Ғазнавиён вазифаи баландеро иҷро мекардааст. Аз Носири Хусрав ба мо осори бузурге оид ба хиради роҳбарӣ, роҳу усули давлатдорӣ ва умуман инкишофи башарӣ боқӣ мондааст, ки омӯзиши ин сарчашмаҳо дар фанни менеҷмент низ аз фоида холӣ нест. Махсусан, маснавиҳои «Рӯшноинома» ва «Саодатнома» ва асарҳои дигар:
«Ҷомеъ-ул-ҳикматайн» ва «Сафарнома», ки ду асари аввала зиёда аз 11000 байтро ташкил карда, дар осори мазкур мавзӯъҳои асосӣ аз қабили гуфтушунид ва панд шунидан; дӯстӣ ва вафо; дар баёни ҷоҳил ва ноҷинс; ихтилот ба мардуми доно; шурӯъ ба кор ва интихоб аз корҳо; фарқи дӯсту душман; нафси бад ва рибохорон; кишоварзон ва ғайраро дар бар мегиранд.
Ақидаи асосии Носири Хусрав мисли дигар ҳамзамонони хеш адолатхоҳӣ буда, ба подшоҳи «одилу бомаърифат» ва рӯҳониёни роҳи ҳақиқат «дини ҳақ»
эътиқод дошт ва ин омолро саодати ин дунё ва он дунё мешуморид.
Аммо дере нагузашта зулму ситами давлатдории ғазнавиёни туркро Носир дарк намуда, пай бурд, ки дар ин диёр беқадрии илму шахси донишманд, хории деҳқону марди ҳунарманд ва роҳбарии беақлонаи таҳқиркунандаи мардум хеле зиёд ба назар мерасад. Барои ба мардум фаҳмонда додани ин беадолатӣ ва кӯшоиши мушкилоти худ ба сафарҳои дуру дароз мебарояд, шаҳр ба шаҳр мегардад ва асари сафари худ «Сафарнома»-ро менависад, ки дар ин бора худи ӯ ишора менамояд:
Рӯям чу гули зард шуд аз дарди ҷаҳолат, В - ин сарв ба новақт бихамбид ба чамбар.
Бархостам аз ҷою сафар пеш гирифтам, Н - аз хонам ёд омаду на аз гулшану манзар.
Аммо вақте ки шоир ба кори аҳли дин шиносӣ пайдо менамояд, мебинад, ки «корашон аз ҷавр», гуфтаашон аз қилу қоли мақоли мухталиф ва зӯҳдашон аз «ришваю риё» иборат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё