Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сӯи пирон ба ҳурмат гар гарой,
Ту дар пирӣ зи пирон бар сар ой.


Ба пур хӯрдан макун одат ба як бор,
К — аз он дил тира гардад ҷонат афгор.


Макун бовар суханҳои шунида,
Шунида кай бувад ҳаргиз чу дида.


Ба пирӣ хизмати модар падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки гар ёбӣ замон, гардӣ ту ҳам пир.
Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат.


Таваккул дар ҳама коре, бирав кун,
Зи ғайри ӯ бигардон, рӯ дар ӯ кун.
Дило, ҳамвора таслими ризо бош,
Ба ҳар ҳоле, ки бошӣ бо Худо бош.

Гуфтаҳои дар боло овардашудаи Носири Хусрав панду андарзҳое мебошанд, ки ба инсонҳо ахлоқу кирдору рафтори нек меомӯзанд ва ба аз бар намудани илму дониш ҳидоят менамоянд. Ин дар навбати хеш талаботи асосии хиради роҳбарӣ буда, дар ташаккули роҳбарони замони муосир хеле судманд аст.

УМАРИ ҲАЙЁМ
(1040 — 1123)

Ҳаким, файласуф, риёзидон ва шоири бузурги тоҷик Абулфатҳ Умар ибни Иброҳим Хайём, асрҳои XI — XII зиндагӣ карда, дар таърихи фарҳангии ҷаҳон нақши бузурге бозидааст.

пешина
аз 566
навбатӣ