Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Туро лаззат зи илм аст, аз амал бӯй,
Камоли худ рав, аз илму амал ҷӯй.

Дар ҳақиқат Носир инкишофи инсониро дар дониш ва меҳнат дида, деҳқонон, ҳунармандон, анбиёву авлиёву ҳакимонро гурӯҳи одамони неку шарафманд шинохта, дигаронро ба ҳурмату эҳтироми онҳо даъват менамояд.
Мавзӯъҳои панду ҳикмат низ дар эҷодиёти Носир мақоми арзанда дошта, шоир ахлоқи ҳамидаи донишмандонро бо таври зерин баён менамояд:
Тавозеъ, пас карам, он гаҳ қаноат, Камозорию пас парҳезу тоат.
Дигар, ҳикмат агар ҳастӣ хирадманд, Гусил з — онҳову бо инҳо бипайванд.

          • Мадон ганче беҳ аз ганҷи қаноат, Ғанимот аст марди ин саноат.
            Касе, ки қонеъ аст - ӯ шаҳриёр аст, Гуле дорад, ки ӯ бе захми хор аст.
          • Нишин бо аҳли илм, эй дӯст, модом, Ки аз дониш басе ёбӣ саранҷом.
          • Ҳунар чу, з-он ки дар ақл ӯ накӯтар, Ки бошӣ дар замона толиби зар.
            Зи касби даст набвад ҳеҷ оре, Беҳ аз мақсаб набошад ҳеҷ коре.
          • Зи хоин дур бош, эй дӯст, ҳамвор, Ки хоинро набошад дин ба якбор.
          • Макун айби касон, гар метавонӣ, Ки ту, эй дӯст, айби худ надонӣ.

пешина
аз 566
навбатӣ