Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Одати дигари подшоҳон, адолатпарастӣ, илмомӯзӣ, аз бар кардани дониши фалсафӣ, эҳтироми баланди донишмандон ва қасри зебо бино кардан буда, ба онҳо диққати махсус медоданд.
Одати дигар, онҳо дар ҳар шаҳру маҳалҳо намояндагони худро таъин карда буданд, ки онҳо тамоми ҳодисаҳои байни мардум рӯй медадад ба подшоҳ хабар расонанд. Аз ҳамин хотир, амирону роҳбарони маҳалҳо метарсиданд, ки рафтори ношоиста ё ноодилона содир намоянд ё ин ки ба қонуншиканӣ роҳ диҳанд. Ва занону кӯдакон эмин буданд ва ҳукуматдорон аз тарси подшоҳ одилона рафтор доштанд.
Одати дигар он буд, ки пораи ноне, ки ба хизматтори хеш медоданд, қафо намегирифтанд, ҳар моҳ ва сол ба онҳо маош медоданд. Агар шахсе аз дунё мегузашт ва фарзанди ӯ мемонд ва кори ӯро давом дода метавонист, ин вазифаро ба ӯ бо ҳамон маоши пештара месупориданд.
Одати дигар он буд, ки кӯшишу ғайрати зиёде барои шаҳрсозию қалъасозӣ равона мекарданд. Мекӯшиданд, ки дар ҷойҳои хушманзара қасрҳо бино созанд. Инчунин, вақте ки бино, қаср, роҳ ё корезеро подшоҳ ба анҷом нарасонида аз байн мерафт, фарзанди ӯ баробари ба сари қудрат омадан, кори ӯро идома дода, кӯшиш менамуд, ки онро тезтару хубтар созад. Ва таъкид мекард, ки падари ман ин биноро бо мақсади сулҳу осоиштагӣ ва ба Худо наздикшавии мардум сохта буд, ман низ чунин мақсад дорам ва таваҷҷӯҳи мардумро ба он ҷалб мекард, ки бо дилу ҷон меҳнат кунанд. Агар фарзанди вай сохтмонро ба анҷом намемерасонид, барои набераи подшоҳ он кор ва нияти муқаддас ҳисоб рафта, дар навбати аввал ҳамон сохтмонро ба анҷом мерасонид.
Одати дигар он буд, ки агар касе дар назди подшоҳон сухани нек ё суруд ё шеъри хуб мегуфту ба подшоҳ писанд меомад, ӯро «Офарин» хонда, ҳамон замон аз хазина ба ӯ 1000 дирҳам мукофот медод.
Одати дигари подшоҳон он буд, ки онҳо тамоми гуноҳҳоро мебахшиданд, ғайр аз се гуноҳ:
- Яздони покро дашном додан.
- Ҷосусӣ, сирри давлатро фош кардан.
- Фармони подшоҳро иҷро накардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё