Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Одати дигар, дар биёбонҳо корвонсарой сохтан, чоҳи об кандан ва назорати роҳи корвонгузар аз ҳуҷуми роҳзанон буд. Барои ин корҳо аз хазинаи давлат музди муайяне медоданд. Агар шахси масъули подшоҳ ин маблағро худсарона зиёд мекард ё пора мегирифт, ба ҷазои сахт гирифтор мешуд, яъне ӯро дигар дар ягон давра, дар дарбори подшоҳ роҳ намедоданд.
Одати дигар, агар шахсе хизмати шоистаеро иҷро мекард, ӯро ҳамон замон мукофот медоданд. Каси дигаре ки қонуншиканӣ мекард, ӯро низ фавран ҷазо дода, зиндонӣ мекарданд.
Одати дигар, ҳанӯз аз замони Кайхусрав то давраи Яздиҷард дар рӯзи Наврӯз одами аввали оилаи шоҳ ба назди подшоҳ бо ҷоми тиллоии пур аз шароб, ангуштарӣ, дирҳам ва динори подшоҳӣ, як мушт ҷав, шамшер, тиру пайкон, қаламу рангдон, бо таърифу дуо бо забони форсӣ даромада, соли навро табрик мегуфт ва баъд аз он подшоҳ ба майдон ба назди халқ меомад.
Гуфтор андар қалам ва хусусияту зарурияти он.
Донишмандон қаламро зебу зиннат ва надими дили подшоҳон номидаанд. Сухани беқалам, ба монандӣ ҷони бетан аст. Вақте ки сухан бо қалам якҷо мешаванд, ҷон ба тан як шуда устувор мемонанд.
Халифа Маъмун мегӯяд: «Худованди Карим қаламро нигоҳ дор. Бе қалам каллаи ман чӣ хел метавонад давлатро идора намояд?» Қалам бо дилу ҷон хизмат карда, чизе талаб намекунад. Вай сухан мегӯяд, тамоми ҷаҳонро тай мезанад ва онро равшан мегардонад.
Аввалин одаме, ки қаламро истифода кард, Таҳмурас буд.
Шахсе, ки сухани бурро дорад, вале қаламаш тез нест, ба одами нокомил шабоҳат дорад, яъне қалам инсонро пурра карда, ба зинаҳои баланди инкишоф мебардорад. Ҳатто дини Худованди бузург тавассути қалам мустаҳкам шуда, ба мардум расидааст.
Қонунҳо, тартибу низом ва фармонҳои шоҳони ҷаҳон ба воситаи қалам мустаҳкам карда мешаванд. Надимони подшоҳон номаҳоро бо рангҳои зарҳалӣ навишта, онҳоро дар халтаҳои махсус ҷой карда, ба дигар мамлакатҳо ирсол медоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё