Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Баъзеҳо мегӯянд, ки он нигоҳдоранда ва борони меҳрубонии сар аст, ки боғи донишро равшанӣ кардааст. Дигарон гӯянд, ки чеҳраи зебо нишонаи ҳақиқат буда, олимонро ҳидоят ба он дорад, ки аз ростӣ ба ҳақиқат баргарданд.
Гуфторе ҳаст, ки амир Абдуллоҳи Тоҳирӣ сарлашкареро аз кушунҳои хеш зиндонӣ кард. Одамони бисёре оиди озод кардани он хоҳиш намуданд, аммо амир ба касе гӯш накард. Ҳама ноумед шуданд, рӯзи баровардани ҳукм фаро расид. Ин сарлашкар канизаки чеҳрапарии ширинсухане дошт ва он рӯз бо фаранҷӣ ба толор омад. Ба Абдуллоҳи Тоҳирӣ муроҷиат карда гуфт: «Эй, амир! Маро бубахшед, барои он, ки касе меёбад — медиҳад, касе метавонад — мебахшад». «Эй каниз! Хуҷанни ту гунаҳгор аст, дигар ягон умеде нест».
Канизак гуфт: «Эй амир! Умеди ман дар назди туст» ва рӯяшро кушоду гуфт: «Мана ман!». Вақте ки Абдулло он паричеҳраро бидид, бо як нигоҳ ошиқи шайдо гашту гуфт: «Дар ҳақиқат умеде, ки ту овардӣ аз гуноҳи ин сарлашкар қимматтар аст». Амир фармон дод то сарлашкарро озод карданд, ҷома дод ва гуфт: «Бидон, ки ҳамаи ин ба хотири эҳтироми чеҳраи зебои канизат буд...».
НИЗОМУЛМУЛКИ ТУСӢ 1
(1018 - 1092)
Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ машҳур ба Низомулмулк шахсест, ки дар ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷику форс тавассути эҷод намудани «Сиёсатнома» мавқеи таърихии баланд касб намудааст.
Низомулмулк дар навбати аввал ба вазифаи дабирӣ ва баъдтар ҳамчун вазири кордону бомаҳорат соҳиби ҳурмату эътибори шоҳи сулолаи Салҷуқиён (1037-1092) мешавад.
Асари «Сиёсатнома»-ро дар ҳаҷми 39 фасл таълиф намуда, ба назди шоҳ Маликшоҳ меорад ва асари мазкур ба Маликшоҳ писанд меояд.
Бояд гуфт, ки дар корҳои идораи давлат Низомулмулк, асосан тарафдори тарзи давлатдории сулолаи Сомониён буд. Бинобар ин, аксари ҳикояҳои асар ба фаъолияти ин сулола бахшида шудааст.
- Сиёсатнома. Душанбе: Адиб, 1989. - 200 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё