Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Ҳ И К О Я Т
Андар ин маъни Абдулло ибни Умар - ул - Хаттоб падарро гуфт, ки «эй падар, чун аз дунё биравӣ, хоҳам, ки туро зуд ба хоб бубинам шаби дуввум ва саввум» Дувоздаҳ сол баромад. Ӯро ба хоб надид.
Баъд аз дувоздаҳ сол ба хобаш омад. Гуфт: - Ё падар, нагуфта будӣ, ки баъд аз се шаб маро ба хоббинӣ? Гуфт: - Машғул будам, ки дар савдои Наҳарвон пуле вайрон шуда буд. Гумоштагон ба таъмири он напардохта буданд. Гӯсфандон бад - он пул мегузаштанд. Гӯсфандеро пой ба сӯрох фурӯ рафту бишикаст, то акнун ҷавоби он медодам.
Ва ҳақиқат, Худованди олам бидонад, ки андар он рӯзи бузург ҷавоби ин халоиқ, ки зери фармони ӯянд, аз ӯ бихоҳанд пурсид ва агар ба касе ҳаволат кунад, нахоҳанд шунид. Ва чандон, ки тавонад, пинҳону айён аҳволи эшон мепурсад ва дастуҳои кӯтоҳ дароз накунанд ва зулми золимон аз эшон боз дорад, то баракоти он дар рӯзгори давлати ӯ расад ва дуои давлати ӯ мегӯянд ва дуои хайр то қиёмат ба рӯзгори ӯ мерасонанд ва савоби бузург дар девони ӯ мадҳал мешавад.
Андар мазолим нишастани подшоҳ ва адлу сирати некӯ варзидан
Чора набошад подшоҳро аз он, ки дар ҳафтае ду рӯз ба мазолим бинишинад ва дод аз бедодгар биситонаду инсоф бидиҳад ва сухани раият бишнавад, бевосита. Ва чанд кас, ки муҳимтар бувад, бояд, ки арза кунад ва дар ҳар як мисоле диҳад. Чун ин хабар дар мамлакат пароканда шавад, ки Худованд мутазаллимону додхоҳонро пеш мехонад ва дар ҳафтае ду рӯз сухани эшон кӯтоҳ шавад ва кас наёрад бедодӣ кардан аз бими уқубати ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё