Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ҲИКОЯТ
Шунидам, ки яке аз мулук ба гӯш гарон будааст. Чунон андешид, ки онон тарҷумонӣ мекунанд, сухани мутазаллимонро ба ӯ рост намегӯянд ва чун ҳоли ӯ надонад, чизе фармояд, ки мувофиқи кори ӯ абошад. Фармуд, ки мутазаллим бояд, ки ҷомаи сурх пӯшад ва дигар ҳеҷ кас ҷомаи сурх напӯшад, то ман ӯро бишиносам.
Ва он малик дар пил нишастию дар саҳро биистод ва бифармудӣ то эшонро пеш оварданд, то ба овози баланд ҳоли хеш мегуфтанд ва ӯ ҷавоби эшон медодӣ. Ин ҳама эҳтиёт аз баҳри ҷавоби он ҷаҳон карданд, то иззе бар эшон пӯшида нагардад.
ҲИКОЯТ1
Чунон гӯянд, ки Баҳроми Гӯрро вазире буд, ки ӯро Ростравшан хондандӣ. Баҳроми Гӯр ҳамаи мамлакат ба дасти ӯ дода буду бар вай эътимод карда буд ва сухани кас бар вай нашунида ва шабу рӯз ба тамошою шикор машғул будӣ. Ростравшан Халифаро гуфт, ки раият беадаб гаштаанд ва аз бисёрии адл далер гаштаанд, агар молиш наёбанд тарсам, ки табоҳӣ падид ояд. Ва подшоҳ ба шикору шароб машғул асту аз кори шаръия сахт ғофил аст. Ту эшонро бимол пеш аз он, ки табоҳӣ падид ояд. Акнун бидон, ки ин молиш ба ду гуна бувад: - бадонро кам кардан ва неконро мол ситонидан. Ҳар киро гӯям: «Бигир» - Ту ҳамегир. Пас ҳар киро халифа бигирифтаю боздоштӣ, Ростравшан хештан ришват биситад ва халифаро гуфтӣ, то ӯро даст боз дорад. То ҳар киро дар он мамлакат аспи хуб, ӯ ғуломи хубрӯй ва молу зайате буд, ҳама биситод ва раият дарвеш гашту маъруфон овора шуданд ва дар Хазина чизе ҷамъ наёмаД. Чун бад - ин рӯзгоре баромад, Баҳроми Гӯрро душмане падид омад. Хост, ки лашкарро бахше диҳад ва ободон кунаду пеши душман фиристад. Дар хазина чизе набуд ва аз маъруфону руасо пурсид. Гуфтанд: - Чанд сол аст хонумон гузошта ва ба фалон вилоят рафтанд. Гуфт: - Чаро? Гуфтанд: - Намедонем.
Ҳеҷ кас наёрист аз бими вазир чизе гуфтан.
1 Ҳамон ҷо, с.25 - 31

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё