Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бузургмеҳр роҷеъ ба масоили тамаддуни исломӣ чунин менависад: «Дар илми забоншиносии араб низ форсиён пешдаст ва устоди касбанд. Ибни Халил, ки падари забоншиносии араб аст, шогирди нахустини олими забардасти араб — Себуян Форсӣ аст». 1

Дар Мовароуннаҳр «ориёӣ» бо маънои «сарвар», «маъруф», ва ҳамчун «дастури Аҳура Маздо», ки маънои Аҳура «сарвар» ва Маздо «дониш» истифода шуда, дастури «Сарвари доно»-ро дорад, ки ин ҳамрадифу ҳаммаънои «Менеҷмент» мебошад, яъне дар илми роҳбарӣ «менеҷмент» маънои «Сарварони доно ё хирадманд»-ро дорад. Аз ин лиҳоз «хирадмандӣ-донишмандӣ» дар сарзамини Ориён пурра ба расмият дароварда шуда, ҳамчун нишони аввалиндараҷаи инкишофи сарварӣ қабул шуд.

Агар аз нигоҳи талаботҳои хиради имрӯзаи менеҷмент низ баҳогузорӣ намоем, он гоҳ ба пуррагӣ гуфта метавонем, ки маҳз асоси таърихии таълимоти менеҷменти имрӯзаи дунё аз «Авасто» сарчашма гирифта, мо тоҷикон - ориёинажодон асосгузорони ин илми муҳиму мушкилу мураккаби таърихии менеҷмент мебошем.

Бояд эътироф намуд, ки ҳанӯз аз давраи аввали фаъолияти инсонӣ қобилияти баланди худододӣ ва хирадмандии миллати тоҷик тавонистааст, ки илми роҳбариро бо тамоми нозукиҳо ва асосҳои пурраи бемислу монанд ба тамоми халқи дунё эҷод намоянд. Мо тоҷикон аз ин бояд фахр карда, сарчашмаҳои таърихии ин ганҷинаи бузургро пайдо намуда, тадқиқот бубарем ва инкишоф дода, дар асри XXI ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, ки мо аз чунин авлодони донишмандонем.

Аз тарафи дигар вақти он расидааст, ки дар Тоҷикистон ҳамон қоидаи асосии аҷдодӣ, яъне «Сарвари доно»-ро сармашқ ва шиори ҳаррӯзаи фаъолияти хеш дар ҳамаи зинаҳои роҳбарӣ - «Аз оила то миллат» ташкил дода, омӯзиши онро «Аз гаҳвора то гӯр» барои тарбияи хирадмандонаи ҳар як фарди миллат ба роҳ монем. Омӯзиши фаннии «Сарварӣ»-ро аз боғчаи бачагона шурӯъ намуда, дар мактаби миёна ва олӣ ва то ташкилоту идораҳо пайваста ҷорӣ намоем. Фақат ва фақат, он гоҳ мо метавонем бо боварии устувор, ба ояндаи дурахшони миллати хеш назар афканем. Маҳз хиради роҳбари донишманд метавонад моро

1 Сайид Бурҳонидини Бузургмеҳр. Аҳвол ва афкори Ҳазрати Имоми аъзам - 2000.

пешина
аз 566
навбатӣ