Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ба сатҳи баланди ҷаҳонӣ барорад ва барои кулли мардум «Зиндагии хуб»-ро таъмин созам, ки ин орзую умед ва ҳуқуқи инсонии ҳар як фарди тоҷик мебошад.

43.2. Эҳёи системаи давлатдории шоҳона ва сарварии тоҷикон

Дар таърихи инсоният нахустин халқе, ки бори аввал системаи давлатдории шоҳонаро ба вуҷуд оварда, ба сари сарвари давлат тоҷ гузошт, Турониён (Тоҷикон) буданд, ки ҳудуди давлатдории онҳо аз Бухоро ва баҳри Арал то Уралу Олтой ва аз ҷониби мағриб ба Ҷурҷону Хуросон тӯл кашида буд.

Турониён дар тамаддуни башар ҳамчун эҳёгари «Ориён» шинохта шудаанд ва барои ривоҷу равнақи илму маърифат, маданияти иқтисодӣ, сарварию роҳбарӣ заҳматҳои хеле зиёд кашида, онро ба аксари минтақаҳои дунё паҳн намудаанд ва дастурҳои зиёде низ доданд, ки забони форсӣ забони муоширати тамоми инсонияти дунё гашта, маданияти сарварӣ ва хоҷагидории онҳо намуна бошанд. Тасаввур бояд кард, ки чӣ тавр дар ҳамон замон як халқи кӯчак тавонист, ин қадар бузург гардад. Албатта, бо қавли Афлотун: фикр кардан ва сарварӣ кардан фақат аз рӯи ақл метавонад чунин бузург бошад.

Оид ба бузургии давлату давлатдории Турониён, ки зиёда аз 5000 сол ва аз рӯи баъзе ҳисобҳои Зардушт 6000 сол сипарӣ гаштааст, ҳанӯз дар китобҳои муқаддаси «Авесто», «Қуръон», «Форснома»-и Муҳаммади Балхӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Шоҳнома»-и Фидавсии Тӯсӣ ва дигарон хеле муфассал дарҷ гардидааст.

Давлатдории Сомониён, ки шикасти онро аксари таърихнигорон ҳамчун «бадбахтии умумиҷаҳонии башарият» муаррифӣ менамоянд, қуллаи олии давлатдории Турониён буд.

Турониён давлатро ҳамчун сарпаноҳ ва ҳидояткунандаи роҳи рост ва ҳақиқати инсонӣ шуморида, кору фаъолият менамуданд.

Давлати Турониён дар асоси ҳамин усулҳои воло ва наҷиби давлатдории зардуштӣ бунёд гардида, барои тамоми асру замонҳои минбаъда намунаи ибрат

пешина
аз 566
навбатӣ