Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
кунад, сеюм он ки рози ӯ нигоҳ надорад, чаҳорум он ки забонаш бо малик буваду дар дил бо мухолифон ва дар сар тадбири эшон кунад: «Кирдори мард аз сири мард огоҳӣ диҳад». Чун малик бедор бошад, бар ӯ ҳеҷ чиз пӯшида намонад.....
Андар муомираи қозиён ва хатибону муҳосаба ва
равнақи кори эшон1
Бояд, ки аҳволи қозиёни мамлакат ягон-ягон бидонанд ва ҳар кӣ аз эшон олиму зоҳид ва кӯтоҳдасту камтамаъ бошад, ӯро тарбият кунанд ва бад-он кор нигоҳ доранд. Ва ҳаргиз на чунин бувад, ӯро маъзул кунанду ба дигарӣ, ки шоиста бошад, бад-ӯ супоранд ва ҳар якеро аз эшон ба андозаи кифояти ӯ мушоҳара итлоқ кунанд, то ӯро ба хиёнат ҳоҷат наяфтад, ки ин кор нозук аст.
Нашояд ин шуғл ба ҷоҳилу нопок додан, илло тафвизи ин кор ба олими бовараъ ва чун ҳокиме ба ҷаҳлу зулм имзои ҳукме кунад, маълуми подшоҳ гардонад, он касро маъзул фармудан ва молиш бояд додан. Ва гумоштагони вилоят, ки дасти қозӣ ва ҳокими шариат қавӣ доранд ва равнақи дари сарои ӯ росих гардонанд ва заъф дар амру раъйи ӯ роҳ надиҳанд. Ва агар касе ба ҳозир шудан ба маҷлиси ҳокими шаҳр сар бипечид, ба анфу курҳ ҳозил кунанд, то ҷуз ростӣ наравад ва ҳеҷ кас пой аз ҳукм натавон кашид. Ва ҳама рӯзгор аз давраи ОДАМ..... то акнун дар миллате ва мулке адле варзидаанд ва инсоф дода ва ба ростӣ кӯшида, то мамлакати эшон солҳои бисёр бимонад.
Ҳ И К О Я Т
Аммора ибни Ҳамза дар маҷлиси халифа - Восиқ нишаста буд. Халифа
Амморалро гуфт:...... қозиён ҳама ноибони подшоҳанд ва шуғли ӯ кунанд ва бар
подшоҳ воҷиб аст, ки дасти қузот қавӣ дорад ва ҳурмату манзалати эшон бояд,
ки ба камол шавад. Ва ҳамчунин хатибонро, ки андар масҷиди ҷомеъ намоз
мегузоранд, ихтиёр кунанд аз мардумони Қуръонхони порсо, ки кори намоз
нозук аст ва намози мусулмонон ба имом тааллуқ медорад ва чун намози имом
1 Ҳамон ҷо, с. 40 - 50

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё