Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Номи карам сохта муште забон,
Исми вафо бандагони ройгон.
Нақши вафо бар сари ях мезананд,
Бар маҳу хуршед занах мезананд.
Дуд шаванд, ар ба димоғе расанд,
Бод шаванд ар ба чароғе расанд.
Ҳоли ҷаҳон бин ки саронаш кианд,
Номзаду номваронаш кианд.
Мақолати дар боло овардашуда бо ҳикояи «Гуфтор андар ҳикояти булбул бо боз» ҷамъбаст шудааст. Булбул ба боз мегуфт: Ту ягон сухани хуб нагуфтаиву ҷоят сари дасти шоҳон, хӯрокат синаи кабк, ман бо овози хуб нағмасарой мекунам, хӯрокам кирму ҷоям сари хор. Боз ҷавоб дод, ки мафтуни ҷаҳат, бисёрғӯй ҳастӣ, забонат нештари обдор аст. Аз ин рӯ насибаат кирму хор аст:
Бармакаш овозаи назми баланд, То чу Низомӣ нашавӣ шаҳр банд.
Рав, ки туӣ шефтаи рӯзгор,
З — он кунӣ як кору бигӯй ҳазор.
Чун ту ҳама захми забони тамом,
Кирмхӯру хорнишин вассалом.
Ҳар кӣ қадам бар сари ганҷе ниҳод,
Аз сухани худ дари ганҷе кушод.
Дар охир шоир таъкид менамояд, ки ганҷи бебаҳои инсон, равшанзамирӣ, дили соф ва дониши баланди ӯ мебошад:
Ганҷи Низомӣ, ки тилисмафкан аст,
Синаи софеву дили равшан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё