Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар миёни давлатҳои ориёиҳо Портҳо дар шарқи ҷануби баҳри Хазар вуҷуд дошт, ки дар қадим нисбат ба Хуросони Эрон истифода мешуд ва асосгузори ин давлат Аршак дониста шуда насаби вай ба бохтариҳо ва сакоиҳо нисбат дода мешавад. Ҳукумати Ашкониҳо аз соли 247 пеш аз мелод шурӯъ шуда то соли 222 мелодӣ давом мекунад. Дар ин муддат шоҳони зиёде ба майдони давлатдорӣ омада мераванд, ки дар байни онҳо Меҳрдоди аввал аз шахсиятҳои барҷастаи ин хонадон шинохта шуда, эҳтирому мавқеи вай дар мамлакатдорӣ қариб баробари Куруши Кабир баҳо дода мешавад. Маҳз дар замони Портҳо аз Ҳиндукуш то Бобуул муттаҳид шуда истиқлолияти давлати эрониёнро барқарор намуданд. Дар замони Ашкониён, мисли аҳли Ҳахоманишиҳо ҳафт хонаводаи мутаннафиз ва тавоно вуҷуд дошт, ки бо маслиҳат ва машварати онҳо кору бори давлатӣ сурат мегирифт.

Аз ин гузашта дар даврони Ашкониён як Шӯрои Миллӣ бо номи маҷлиси Меҳристон (бузургон) созмон дода шуда буд, ки аз ду маҷлис иборат буд. Як маҷлис аз раисон ва пешвоёни ашроф ва аҳли рӯҳоният ташкил ёфта буд, ки дар байни онҳо хонаводаи шоҳаншоҳӣ дохил буданд ва ба сари подшоҳ тоҷи салтанат мегузаштанд. Маҷлиси дигар аз ҷумлаи аъзоёни калонсоли хонадони султонӣ интихоб мешуд, ки онҳоро ҳатто маҷлиси сано низ мегуфтанд. Дар интихоби аъзоёни маҷлиси айён ва маҷлиси ашроф шоҳ ҳаққи даҳолат кардан надошт ва онҳо дар тамзиноти худ озод ва мустақил буданд. Баъд аз оне, ки шоҳ дар маҷлиси Меҳристон интихоб мешуд, дорои ҳукумати мутлақ мегардид. Яке аз бартарияти сохтори идораии замони Меҳрдоди аввал он буд, ки «Қонуннома»-е тартиб дода шуд, ки дар он на фақат расму русуми дохилӣ, балки ҳатто низоми давлатдории Ашуриҳо, Бобулиҳо низ ба назар гирифта шуда буд. Ғайр аз шахсони сипаҳсолор боз шахсони дигари хирадманд ва ботаҷриба ба ҳайси вазири аввал интихоб мешуданд. Вазифаҳои алоҳидаи дарбориро низ вазири аввал ба шахсони донишманду хирадманд супорида, онҳо дар зери назорати ин вазир кору фаъолият менамуданд. Инчунин, давлати Ашкониён аз вилоятҳо ва кишварҳои алоҳида иборат буд, ки онҳо аз ҷониби волиҳо ва ҳокимони маҳаллӣ мустақилона идора карда мешуданд. Аз ҷумлаи ҳокимони худмухтор Мод, Форс, Арманистон, Озарбойҷон, Кирмон, Сиистон, Бохтар ва ғайра дохил мешуданд. Дар тамоми мавҷудияти давлати Портҳо

пешина
аз 566
навбатӣ