Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

рақиби асосии онҳо румиҳо ба ҳисоб мерафтанд. Румиҳо бисёр мехостанд, ки Шарқи Миёнаро ба тобеияти худ дароранд. Гарчанде давлатдории Портҳо ҳамчун давлати ғуломдорӣ муаррифӣ шавад ҳам, маликҳо, волиҳо ва ашрофиёни бузурги ин давра соҳиби заминҳои ҳосилхез буданд ва онҳо заминҳоро озодона кишту кор мекарданд.

Мардум бошад ба мазҳаби зардуштии пайравӣ намуда, давлат ба онҳо даҳолат намекард. Дар ин давра рӯҳониёни муғ пайдо шуда, онҳо илми тиб, педагогика, нуҷум, муаллимӣ ва мударрисиро инкишоф дода либосҳои сафед мепӯшиданд, умуман гӯшт намехӯрданд ва бо ин рафтору кирдори худ аз халқи оддӣ фарқ мекарданд.

Дар инкишофи шаҳрсозӣ Портҳо низ монандӣ Ҳахоманишиҳо хеле пеш рафта буданд. Пойтахти мамлакаташон шаҳри Нисо буда, инчунин, шаҳрҳои Рай, Ҳамадон муддате пойтахти муваққатии эшон қарор дошт. Дар натиҷаи низоъҳои дарунӣ дар хонаводаи Ашконӣ сулолаи онҳо барҳам хӯрда, давлатдорӣ ба хонадони Сосониён ва Ардашери Бобакон мегузарад.

Дар баробари давлати Портҳо Кӯшониён дар Эрони шарқӣ давлати худро барпо карда буданд, ки онҳо низ дар таърихи тамаддуни ориёиҳо мақоми худро гузоштаанд. Тибқи баъзе маълумотҳо, ин давлат 500 сол вуҷуд дошта, соли 727 аз байн рафтааст. Давраи шукуфоии ин давлат ба асри III мелодӣ рост меояд. Дар замони Кӯшониён ислоҳоти пулӣ ба вуҷуд омада, ҷои сикқаҳои камарзиши миссӣ ва биринҷиро сикқаҳои тиллоӣ мегиранд. Чунин як ислоҳоти пулӣ имкон дод, ки дар ин давлат муомилоти пулию молӣ инкишоф ёфта, қадамҳои аввали бунёди «Роҳи абрешим» гузошта шавад, яъне аз Чин абрешими хом, мӯинаҷот, фулузот ва аз Рум - олоти шишагӣ, шароб харидорӣ шуда, боз ба дигар давлатҳо интиқол дода мешуд. Дар навбати худ давлат низ соҳиби корхонаҳо саноатӣ гардид. Низоми боҷситонӣ пайдо гашта, давлат аллакай боҷхонаҳо сохта, бехатарии онҳо ва корвонҳоро кафолат медод, ки ин ба ривоҷу равнақ ёфтани тиҷорат шароит муҳайё месохт.

Роҳе, ки аз Байнаннаҳрайн то Марв мерасид, ба се шоха тақсим мешуд. Яке ба Бухоро ва Самарқанд ва Фарғона ва Тибет, дигаре ба Ҳирот, Қандаҳор ва Синд. Дар миёна бошад роҳи Қаротегин, Олтой ва Тибет мегузашт ки хеле кӯтоҳ ва қулай буд.

пешина
аз 566
навбатӣ