Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе шавад огоҳ,
Ки лутфи таъбу сухан гуфтани дарӣ дорад.
КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
(1321 – 1401)
Камоли Хуҷандӣ дар замони бекарусомонӣ ва бедодгариҳои истилои муғул дар Осиёи Миёна умр ба сар бурдааст. Ӯро ҳамчун олими илми калом, мантиқ ва ҳикмат мешиносанд. Беқадрии илму дониш ва паст будани қадршиносии олимону донишмандон дар замони ҳукмронии муғул Камолро маҷбур кард, ки тарки Ватан намуда, умри ширини худро дар ғарибӣ гузаронад. Вале ашъори ӯ пур аз меҳру муҳаббат ба Ватан, ба илму дониш, ба инсондӯстию инсонпарастӣ буда, дар шакли ғазал, рубоӣ ва қитъа навишта шуда, дар тарбияи мардум, аз он ҷумла роҳбарон мақоми арзандаро соҳиб гаштааст.
Оромгоҳи шоир дар Табрез аст.
Азбаски қисмати зиёди умри шоир дар ғарибӣ бо дарвешӣ гузаштааст, подшоҳону амиронро маҳкум карда, аз онҳо интизор шудани адлу инсофро беҳуда мешуморад:
Дасти султонон намебӯсад Камол,
Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.
Камол аз подшоҳ дорад фароғат,
Ба вақти хеш ӯ ҳам подшоҳ аст.
Он ки машғули неъмату ноз аст,
Ҳоҷатандӯзи бенавоён нест.
Номи Камол хоҷаи дарвеш хондаӣ,
Дарвеш хондаӣ ба ғалат подшоҳро.
Камол дар ашъори худ пайваста ходимони ноаҳлу роҳбарони қадрношиносу нопокзодагонро сахт маҳкум мекунад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё