Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Роҳбарони асосии Кӯшониёнро донишмандону рӯҳониён ташкил мекарданд ва маҳз онҳо ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ замина гузошта, аввалин маротиба озодиҳои истеҳсолиро ҷорӣ намудаанд.
Зинаи дигари давлатдории тоҷикон ин давлати Сосониён мебошад, ки баромадашон аз шаҳри бобогии тоҷикон - Шероз буда, оид ба давлатдории онҳо далелҳои хеле саҳеҳи таърихӣ, аз қабили «Корномаи Ардашери Бобакон», «Номаи Тавсир», «Модаёни ҳазор достон», «Корномаи Анушервон» ва ғ. таърихи ин давраро хеле аниқ ифода мекунад.
Давлати Сосониён дар пояи давлати Портҳо ба вуҷуд омада, давомдиҳандаи сатҳи баланди инкишофи иқтисодию роҳбарӣ буда, дар тӯли 425 соли ҳукмрониашон дар таърихи низоми дохила ва берунаи давлатдории ориёнҳо мақоми хосеро боқӣ гузоштаанд. Подшоҳони сосонӣ худро «Шоҳаншоҳони ориёӣ» меномиданд. Махсусан, шоҳи номдори ин давра Ардашери Бобакон, ки зиёда аз 18 сол салтанат рондааст, боз Хоразм, Сиистон, Марв, Макронро низ ба итоати худ дароварда буд.
Яке аз тағйироти дигари роҳбарии Ардашер аз он иборат буд, ки аксари хонадонҳое амсоли Қорун, Сурен, Меҳрона, Испаҳпаз ва чанде дигарон, ки дар замони Ашкониён дастгирӣ меёфтанд, дар вазифаҳои раисони вилоятҳо вогузошт, аммо қонунҳои махсусе қабул намуда, заминҳои ин роҳбаронро кам кард, баъзе ҳуқуқҳои худмухториро аз дасти онҳо гирифта, дар идоракунӣ деҳқонони маҳаллиро низ ҷалб намуд, ки ин тадбир ва чораҷӯӣ мавқеъ ва обрӯи ҳукумати марказиро баланд бардошт. Дар ин давра низ маҷлиси дузинагии Меҳристон амал мекард, ки доимо дар кору фаъолияти шоҳон маслиҳатҳо ва пешниҳодҳои муфид медоданд. Дар тасаввури мардуми ориёинажод, махсусан, тоҷикон адолатхоҳӣ ва додгустарӣ бидуни қонун ва назму низом вуҷуд дошта наметавонист, бинобар ин, дар ин сарзамин тарҳрезии қонунҳо ва дастурамалҳо аҳамияти хеле калон дошт.
Аз тарафи дигар шоҳ дар назди мардум ӯҳдадориҳои хеле бузург - сарпарастӣ ва аз ҳуҷумҳои дохилаю беруна нигоҳ доштани мардум, ҳимоя ва пуштибонӣ аз азобу шиканҷа вазифадорону моликиятдоронро бар дӯш дошт. Чуноне, ки мегуфтанд, ки аввал ҳимоя бояд кард ва баъдан андоз ситонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё