Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
44.4. Мақоми донишмандони тоҷик дар ташаккули хиради роҳбарӣ дар асрҳои XV ва аввалҳои асри ХХ
Ибтидои асри XV дар сарзамини тоҷикон ҳанӯз бесарусомониҳои хонадони Темур идома дошт. Давлати мутамаркази Темур барои инкишофи илму маданият каме шароит пайдо карда бошанд ҳам, ҳанӯз нобаробарии иҷтимоӣ ва беадлию беинсофии ҳокимон нисбат ба халқи заҳматкаш хеле зиёд ба чашм мерасид. Чунин як бесарусомониҳои давлатдории сулолаҳои гуногуни ҳокимону амирон дар сарзамини тоҷикнишин то аввалҳои асри XX идома дошт, ки онро мо дар мавзӯъҳои гузашта ба Шумо пешниҳод намуда будем. Ин ҳолатро донишмандони тоҷик бевосита дар асарҳои худ тасвир карда, кӯшиш ба он медоданд, ки амирому ҳокимонро ҳар замон ба адлу инсоф ва бунёдгароӣ даъват намоянд. Дар ин қисмати китоб мо аз осори донишмандони бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон, ки дар ин давра умр ба сар бурдаанд, ба Шумо, хонандаи азиз, дар боби панду ҳикматҳо оид ба роҳбарӣ ва хираду хирадмандӣ намунаҳо оварданӣ ҳастем.
АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
(1414 - 1492)
Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1414 аз оилаи соҳибмаърифати маҳаллаи Харчурди шаҳри Ҷом ба дунё омадааст. Айёми ҷавонии шоир дар Ҳирот гузаштааст. Осори адабии шоирро зиёда аз 96 асари гуногунмавзӯъ ташкил медиҳанд, ки аз онҳо асарҳои «Баҳористон», достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хирадномаи Искандарӣ», «Юсуф ва Зулайхо» ва ғ., инчунин, се девон: «Тӯҳфат-ул-шубоб», «Воситат-ул-иқд», «Хотимат-ул-ҳаёт» дар байни халқ хеле маъмуланд.
Ақидаи иҷтимоии шоирро адолатхоҳӣ, халқпарварӣ, инсондӯстию нексириштӣ ташкил менамояд. Ӯ подшоҳиро доди Худо ва подшоҳро сояи Худо, вале золимро шайтон номидааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё