Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ки ҳилмро зевари рӯзгори худ созад ва ба дастёрии ӯ бунёди хашми оламсӯз биронад.
Чу ҳилм андар омад ғазаб паст гашт,
Ғазабро ҳамин бурдборӣ шикаст.
Сутуни хирад бурдборӣ бувад.
Сабуксар ҳамеша ба хорӣ бувад.
Дар таваккал
Таваккал дил бардоштан аст аз асбоб ва таваҷҷӯҳ намудану кифояти корҳои худро талабидан. Ҳар кӣ кори худро ба таваккал гузаронад, ҳама кори ӯ равнақи дилҳо сохтаву пардохта гардад.
Подшоҳро лозим аст, ки дар ҳама ҳол расми таваккал фаро нагузорад...
Овардаанд, ки рӯзе подшоҳ аз олиме пурсид, ки нусрати аҳли имон дар чанд чиз аст? Гуфт: «Дар ду чиз аст, яке дар адои намоз ва яке таваккал ба карами корсоз». Подшоҳ бинои кори худ ба ин ду чиз ниҳод ва ин ду хислатро одат кард.......
Дар ҳаё
Ҳаё хислати шариф ва сирати мақбул аст. Ҳаёро шоҳе аз дарахти имон гуфтаанд, ҳаё аз шароити назми олам аст. Агар сифати шарм аз миён барафтад ва ҳеҷ касро аз ҳеҷ кас шарм абошад, низоми ҷаҳон ҳалал пазирад ва масолеҳи халоиқ аз якдигар фурӯ резад. Аммо сифати ҳаё намегузорад, ки ҳар кас ҳар чӣ хоҳад бикунад:
Сафшиканӣ қалби маноҳӣ ҳаёст.
Роҳзанӣ хели малоҳӣ ҳаёст.
Пас маълум шуд, ки хоми омро аз ҳаё фоидаи тамом аст. Вай тоби офтоби ҳаё, самароти ахлоқӣ норасида ва хом:
Гар ҳаё набвад барафтад расми исмат аз миён,
Вар ҳиҷобе дар миён аст аз тақозои ҳаёст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё