Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Бузургон накарданд парвои мол,
Ки амволро ҳаст рӯзе завол.
Имон сӯи илму адаб тофтанд,
Ки номи накӯ аз адаб ёфтанд.
Дар олиҳимматӣ
Дар хабар омадааст, ки мардуми олиҳимматро ҳама дӯст медоранд ва аъмоли бузургро дар назари қабул мушарраф месозанд ва рафъати арҷманд бо ҳиммати баланд пайванд дорад, ки ҷудоии эшон аз якдигар маҳол аст:
Мурғи ҳиммат чу бол бикшояд, ғурфи иқболаш ошён бошад.
Пеши ҷавгони ҳиммати олӣ, камтарин гӯй осмон бошад.
Салотинро ҳиммати олӣ пешкорест кофӣ ва мададгории вофӣ (вафодиҳанда). Ҳар киро аз эшон ҳиммат бештар аст:
Ҳиммат баланд дор, ки назди Худову халқ, бошад ба қадри ҳиммати ту эътибори ту.
Яъқуби Лайсро дар мабдаи ҷавонӣ яке аз пирони қабила гуфт, ки хотирам ба мисоли тавонгарон аст, чӣ дар ин син, ки ту ҳастӣ ҳангоми истилои шаҳват аст ва ғалабаи наҳмат (мурод) дасти паймонаеро рост кун, то аз барои ту каримае аз хонаводаи бузурге бихоҳам.
Гуфт: «Арӯсе, ки ман хуш кардаам дасти паймони ӯ омода аст»
Пир гуфт: «Онро бар ман арз кун, то бубинам, ки чист ва аз арӯс нишон деҳ, то бидонам, ки кист?». Яъқуб ба хона даромад ва шамшере берун оварду гуфт: «Ман арӯси мамолики шарқу ғарбро хутба хоҳам кард ва дасти паймони ман ин теғи ҷавҳардор ва ин шамшери хушгузор аст:
Бе бахти нек ҳеҷ касеро ситез нест, меҳри арӯси мулк беҳ аз теғи тез нест.
Дар ин маъмӣ гуфтаанд:
Арӯси мамлакат он мард дар канор гирифт,
Ки аввал аз гуҳари теғ дод коме беш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо