Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Овардаанд, ки он айём Искандар мехост, ки барои ҷаҳонгирӣ аз сарҳади Рум бар азимати забти мамолики арабу аҷам барафрозад ва риқоби ҳумоюн ба ҷиҳати тасхири барру баҳри олам ҳаракат диҳад, бағоят андешаноку малул буд. Арастуи ҳаким, ки вазири он ҳазрат буд, чун аломати фикрат ва нишони ҳайрат бар ҷабҳаҳои ҳолу носияи аҳволи ӯ зоҳир дид, гуфт: «Эй шоҳи ҷаҳон, асбоби давлат муҳайё ва қадаму хашам дар мавқуфи бандагӣ ва фармонбардорӣ истода, хазонаи маъмуру мамлакат мавфури бахт ба сифати ҳамешагӣ ороста ва ниҳоли давлат ба шарафи истиқомат пероста ва иқболи камари мувофиқат баста ва ҷоҳу ҷалол бар остонаи олӣ ба хидматгорӣ нишаста, тафакури хотири аҳҷарро сабаб чист?»
Искандар ҷавоб дод, ки: «Тааммул мекунам, ки арсаи ҷаҳон ба ғояти парешонӣ ва сохти мамолики ҳафт иқлим бисёр мухтасар аст, шарм медорам аз барои ин миқдор мулк савор шудан ва таваҷҷӯҳ ба тасарруфу тасхири он намудан:
Кирои он накунад тӯлу арзи ҳафт иқлим,
Ки ман ба нияти тасхири он савор шавам.
Ҳазор олам аз ин гар бувад кам аст, ҳанӯз
Ки ман ба гарзи тасарруф бад - он диёр шавам.
Арасту фармуд, ки шак нест иёлати (идора кардан) ҳукумат ин мояи ҷаҳон на лоиқи ҳиммати баланд ва на дархури неъмати арӯманди туст. Арсаи мамлакати абадиро ба он ҷамъ кун, то ҳамчунон ба зарбати теғи ҷаҳонсӯз соҳиби сарои фониро дар қайди забт меорӣ. Ба баракати адл олам афрӯз, мулки саодати боқӣ ҳам дар қабзаи истеҳқоқ ояд, то ин нуқсон ба баракати он камол талофӣ (кифоя) пазирад ва ин андак ба зеби он бисёр равнақ гирад:
Мулки уқбо хоҳ, к-он хуррам бувад,
Зарраи он мулк сад олам бувад.
Ҷаҳд кун то дар миёни ин нишаст,
Арсаи он оламат ояд ба даст.
Искандар ба ин сухан тасаллӣ ёфта, бар ҳаким офарини фаровон кард ва имрӯз шаҳбози ақл ҳар гоҳе дар ҳавои санои Искандар ҷиҳати он парвоз мекунад, ки ҳумои ҳимматаш ба устухони зиракони дунё сар фурӯ наёварда:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо