Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Ту бозӣ соиди шоҳӣ ба устухон мангар,
Ҳумои ҳиммати худро баланд деҳ парвоз.
Дар азм
Азм кавофили муродот ва қифояткунандаи умури муҳиммот аст. Ҳеҷ касро аз салотин бе мадади азми дурусту зимоми тасхири мамолик ба қабзаи иқтидор дарнаёмада ва бе такопӯи саъйи баланд бар сарири шаҳриёрӣ ва маснади ҷаҳондорӣ нарасида:
Бе азми дурусту саъйи комил, Касро нашавад мурод ҳосил.
Ва азимати дуруст он аст, ки чун ба қасди коре камар бандад ва ба сохтани муҳимме шуғл намояд ба манъи ҳеҷ монеае мумтанеъ нагардад ва қусуру футур ба азми хур роҳ надиҳад. Аз ҳакиме пурсиданд, ки азми мулук дар чӣ маҳал некӯ менамояд ва дар чӣ вақт ба кор меояд. Фармуд, ки дар дафъи аъодии (душмани) мамлакат ба ғоят писандида аст, чӣ ҳар гоҳ, ки подшоҳ аз рӯи таваккал пои азимат дар рикоби таваккал орад, ҳар оина лашкари фатҳу зафар ба истиқболи ӯ мутаваҷҷеҳ мешаванд, зеро ки азми дуруст нишонаи ғалабаву нусрат аст:
Шаҳ чу ба азми дуруст пой кунад дар рикоб, Дил шиканад хасмро в-аз кафаш афтад инон.
Дар ҷидду ҷаҳд
Ҷид саъй кардан аст дар таҳсили матлабҳо. Ҷаҳд ранҷ бурдан аст дар иқтисоби (ҳосил кардани) мақсадҳо ва ин сифат тобеи ҳиммат мебошад.
Ҳарчанд ҳиммат олитар бувад, ҷидду ҷаҳд дар талаби мақсуд бештар воқеъ мешавад. Бояд ки марди баландҳиммат аз таҳаммули машаққат натарсад, чӣ ҳол аз ду берун нест: агар ба ҷаҳд домони мақсуд ба даст ояд фаҳвулмурод ва агар дар ҳиҷоб тавакқуф уфтод, узри ӯ назди оқилон возеҳ аст ва олиҳимматии ӯ дар талаб равшан:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо