Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
нафармоям ва ҳар муҳимме, ки ба он амр кунам ба итмом расонам». Қайсар фармуд, ки ҳама ҳукамои Юнон ҳамин гуфтаанд:
Ҳар тарҳ, ки афканӣ чу мардон, Ҷаҳде бикуну тамом гардон.
Яъне аламе, ки барфарозӣ, Бояд, ки дигар нагун насозӣ.
Аломати дуюм он аст, ки сухане, ки аз забони ӯ ҷорӣ шавад ба нақизи он то мумкин бошад, такаллум наканад, чунон, ки дар таърих мазкур аст:
Сухани шоҳ шоҳи ҳар сухан аст, Ба ҳама ҳол пос бояд дошт.
То нагардад нақизи он зоҳир, Бояд онро ба лавҳи дил бингоҳит.
Дар хулқу рафқ
Мурод аз хулқ хушхӯйст ва ғараз аз рафқ нармиву дилҷӯӣ ва яке аз созгорӣ бошад, ба мулотифат (нармӣ) ва яке аз корсозӣ ба мадоро ва мулоимат ва аммо хулқ некӯтарин неъмате ва зеботарин хислатест.....
Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ, Ҳеҷ аҳлият беҳ аз хулқи накӯ.
...Ҳукамо гуфтаанд: нишони хушхӯӣ даҳ чиз аст:
- Бо мардумон дар кори неку мухолифат накардан.
- Аз нафси худ инсоф додан.
- Айби касон наҷустан.
- Чун аз касе зиллате дар вуҷуд ояд онро таъвили некӯ кардан.
- Чун гунаҳгор узр хоҳад, онро пазируфтан.
- Ҳоҷати мӯҳтоҷ баровардан.
- Ранҷи мардумон кашидан.
- Айби нафси худ дидан.
- Бо халқ рӯи тоза доштан.
- Бо мардумон сухани хуш гуфтан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо