Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

.....Аммо рафиқ, созгорӣ ва мадоро бошад. Ва дар хабар омада, ки рафиқ ба ҳеҷ чиз напайвандад ва илло, ки онро барҳам занад ва нохуш гардонад.

Дар амонату диёнат

Уламои дин ва урафои соҳияқин чунин гуфтаанд, ки амонат рукни азимест аз хислатҳои ҳамида ва диёнат асле маҳкам аз ахлоқи писандида. Бунёди имон амоният тамом гардад...

...Ба амонат хиёнат раво нест. Масалан, дида амонатаст, ки бад — он дар осори қудрат нигаранд. Гӯш амонатаст, ки суханони ҳақ истимоъ кунанд. Забон амонатаст, ки бад-он зикр гӯянд. Даст амонатаст, ки бар он нафъ ба халқ расонанд:

Эй шуда з - имону амонат барӣ,
Дини ту фориғ зи диёнаттарӣ,
Тарс надорӣ, фаноят ҳаст,
Шарм надорӣ, ки Худоет ҳаст.

Дар сидқ

Ростиву росткорӣ сабаби эминӣ ва растагорӣст.
Ту дар кори худ ростӣ бар ба кор,
Ки ҳам раста гардию ҳам растагор.
Бувад гарчи мардум басе каҷхиром
Ба охир шавад ростонро ғулом.
Агарчанд бошад камон сахтгир,
Ва охир тавозӯъ кунад пеши тир.

Дар фаросат

Ва он шарти куллӣ бошад дар ҳукумат ва бар аҳли ихтиёр воҷиб аст ва ба
айни басират дар савобиқу лоиқи ҳар ҳодисае, ки воқеъ шавад,
назаркунандагони ин воқеа ба ғоят равшан ва ҳувайдо бошад. Ба он чи

пешина
аз 566
навбатӣ