Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Сеюм, таъсири коҳинони зардуштия ниҳоят баланд мешавад, дини зардуштия ба дараҷаи дини давлатӣ мерасад ва ба Ардашери І чунин ҳикматро нисбат медиҳанд: «Тахт пояи меҳроб асту меҳроб пояи тахт».1
Бояд гуфт, ки чунин пешравиро фақат метавон дар асоси сохтори дурусти идоравӣ ва хиради баланди роҳбарӣ ба даст овард. Дар ҳақиқат асосгузори ин давлат Ардашери Бобакон як қатор қонунҳои нав қабул намуда, сохтори нави роҳбарӣ ва қоидаҳои роҳбариеро қабул намуд, ки тавонистанд ин давлатро зиёда аз 400 сол нигоҳ доранд. Яке аз навоварии Ардашер он буд, ки бо се табақаи ҷамъиятии онвақта боз табақаи «дабиронро» илова намуд, ки аз ҷумлаи табақаи мумтоз ба ҳисоб рафта, дар танзими суннатҳои шоистаи давлатдорӣ нақши муҳим гузоштаанд. Бо навишти таърихнигорон дабирон сиёсатмадорони ҳақиқӣ ба ҳисоб рафта, ҳама асноди идоравиро иншо мекарданд, буҷаи хазинаро мураттаб месохтанд, муҳосиботи давлатиро идора менамуданд.
Сохтори асосиро дар ин давра девонҳо ташкил медод, ки онҳо гарчанде барвақттар ташкил шуда бошанд ҳам, дар ин давра бевосита дар ҳайати мақоми идоравӣ кору фаъолият карда, мақоми хешро дар сохтори идоравии давлатдорӣ пайдо карданд ва низоми девонсолорӣ пурра ҳукмфармо гардид. Маҳз дар ҳамон давра ҳар як девон мӯҳри худро соҳиб мегардад, ки ин барои низоми роҳбарӣ таккони баланд буд.
Шоирону донишмандон, ромишгарону ҳунармандон ҳайати асосии дарбори Сосониён буданд. Ромишгари машҳури тоҷик Борбади Марвазӣ низ дар ҳамон замон умр ба сар бурда, санъати мусиқиро ба авҷи аъло расонидааст ва ба ӯ унвони «Шоҳи ромишгарон» дода шуда буд, номбурда сарварии ҳофизону шоирони дарбори Сосониёнро ба ӯҳда дошта, рӯзе, ҳафтае ё моҳе ҳатман шеъру суруде эҷод мекард. Чуноне ки Адаш Истад ва Раҷаб Аскаралӣ дар китоби «Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад ва сарнавишти хунёгар»2 менависанд: «Хурӯси ғунуда аз сафедии субҳ бо чашмони пӯшида пеш аз ҳама чӣ тавр хабар ёфт, ки болҳо ба ҳам фурӯ кӯфт ва мисли сурнайчаи лашкар ба фарёд атрофиёнро аз даридани пардаи тори шаб хабар кард? Хурӯси ғунуда бо чашмони пӯшида аз сафедии субҳ чӣ тавр пеш аз ҳама хабар ёфт? Зеро ӯ метарсад аз доимо аз
1 Ғафуров Б. Тоҷикон. Ҷ. 1, с. 258.
2 Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад ва сарнавишти хунёгар. Душанбе, Адиб — 1990, 186 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё