Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шабҳои тор. Хоб мебинад одамони мургдузду рӯбоҳу шаголоноро. Дилаш доимо бедор аст.

Ӯ зарраҳои аввалини нури саҳарро бо чашмони дил эҳсос мекунад. Хурӯс аз дамидани субҳ шод аст. Чӣ шод нест? Чаро ҷуғз шод нест? Ҷуғз ношод будагист ва боз кирму канна, ки аз нури офтоб мегурезанд.

Борбад дар ин бора меандешид, ки садои фурӯ кӯфтани болҳои хурӯс ва цеғи онро бо сози зарби — дуҳул ва сози нафасӣ шишум, ки як навъ сурнай аст, чӣ тавр метавон кард.

Масъалаи мушкиле намебуд, агар вазифаи эҷодии дар пеши худ гузоштаи ӯ
танҳо аз тақлиди садои болу бонги хурӯс иборат мебуд. Борбад ин садоҳоро
барои гӯши инсон форамтар ва дилангез карда, маънои фалсафаи ғалабаи нур
ба зулмот, бадӣ ба некӣ, инсон ба дев, Ҳурмуз ба Аҳриманро додан мехост». 1

Чуноне, ки бо ин мазмун, баъдан файласуфи бузурги тоҷик Умари Хайём низ қайд мекунад:

Ҳангоми сапеди даҳр хурӯси саҳарӣ,
Дони ки чаро ҳамекунад навҳагарӣ,
Дар онраи субҳ бигаштаст маълум,
К - аз умр шабе гузашт ту бехабарӣ.

Борбад низ вақте, ки ин оҳангу мусиқӣ иншо менамуд, дар андешаи он буд, ки оё «Кулӯҳҳои зарандӯз» (атрофиёни шоҳро Борбад чунин меномид) инро мефаҳмида бошанд. Ӯ боз худро тасаллӣ дода мегуфт, ки албатта, мусиқичиёни барҷаста Накисо, Саргис ва Саркаш пеш аз ҳама мефаҳманд.

Борбад сафарҳои зиёде намуда, бо ромишгарону ҳунармандон шинос шуда, қайд мекунад, ки ин ҳунармандон аз овози ширини худ фориғбол шуда, аз омӯзиш ва сабзиш бозмондаанд ва онҳоро ҳамчун дарахти бузурги Каду ташбеҳ медод. Бадбахтӣ дар он буд, ки ҳамаи онҳо даъвои ромишгароӣ ва овозхонӣ мекарданд ва Борбад бошад ба онҳо «Бешармон» гуфта, дод мезад. Гарчанде ки Хусрави Парвиз пайдо шуда ба Борбад мегуфт, ки ин дарахти «Кадуҳоро»
решакан кун то тухмаш ба замин пош нахӯрад. Вале афсӯс ва сад афсӯс, ки онҳо одамони зиндаанд, «Зиндае, ки ақл надорад. Одам бо ақли худ Инсон аст» ва онҳоро решакан карда намешавад. Уфф... гуфта, каф ба зону зад Хусрав, вақте,

1 Ҳикояҳо аз рӯзгори Борбад ва Сарнавишти ҳушгӯяр Душанбе, Адиб - 1990, 186с.

пешина
аз 566
навбатӣ