Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Теге ки моро мекушод,
Дар ҷайби додарҳои мост.
Моро ба дасти мо задан,
Ойини сарварҳои мост...

44.6. Сухан андар ҷавҳари роҳбарӣ

Хонаводаи инсон1

Ҳама кас аз подшоҳу раият ниёзманд аст ба ғизову хӯроке, ки мояи ҳаёт аст ва низ ба таҳияву омода сохтани зиёдии хӯрок ва рӯзӣ барои рӯзи ҳоҷат, ки барояш пеш меояд, мӯҳтоҷ аст. ....

....Инсон ниёзманд аст ба макону ҷое, ки он чиро ба даст овардааст, дар он ҷо ҷамъу захира карда, барои ҳангоми ҳоҷаташ нигоҳ дорад.

Пас, бинобар ин, инсон мӯҳтоҷ аст ба ин ки барои худ манзилу маскане иттиҳоз кунад.

Чун одамизод манзилу хонае сохт ва дар он ҷо барои ҳангоми ҳоҷаташ захирае андӯхт, мӯҳтоҷ мешавад ба касе, ки андӯхтаашро аз дасти дигарон, ки мехоҳанд онро аз вай бибароянд, ҳифзу ҳиросат бинамояд. ... Пас, мӯҳтоҷ аст ба ин ки барои ҳифзу ҳиросати андӯхтааш каси дигарро ҷонишини худ бинамояд. Ва барои ҷонишинӣ ҳам бояд касе бошад, ки мавриди итминони нафсу оромиши хотир бошад. Барои ин кор касе шоиста ва сазовор нест магар зан, ки Худо ӯро барои мард ҷуфту мавриди итминону сукунати нафс қарор додааст. Бад-ин ҷиҳат мард ногузир мешавад ба ин ки зан бигирад.

Пас аз издивоҷ фарзандоне ба вуҷуд меоянд ва шумораи афроди хонавода зиёд мешавад. Дар ин сурат, ночор, ниёзманд ба хӯроку ғизо ва таҳия барои рӯзи ҳоҷат аз зиёдии ғизо ва қут беш аз пеш мегардад. Ва дар асари тавсеаи доираи зиндагонӣ эҳтиёҷ ба кӯмак ва коргузорию хизматгор (менеҷер. F.T.) пеш меояд. Пас, он марде, ки хонаводаро ташкил додааст, мудир ва соиси афроду касони ин хонавода гашта ва онҳо низ раияти пайрави ирода ва идораи вай мешаванд......

1 Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ.2. Душанбе, Ирфон. 1983. С. 15-16.

пешина
аз 566
навбатӣ