Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
мебинанд. Чуноне, ки аксари имтиёзҳоро аввалан 7-табақот ва баъдан 5-табақот дар ҳаққи моликият доштанд, дигарон ҳама аз он маҳрум буданд. Дар ҳамин ҷода қисми зиёди мардум аз илму ҳунар дур монд ва норозигии эшон авҷ гирифт. Махсусан, миёни он ашхосе, ки оини Зардуштро мепарастиданд.
Адлу инсоф, ҳимояи иҷтимоӣ ва иқтисодии раият, пиндору кирдору рафтори нек, ки фарзҳои муҳими оини зардуштии ба ҳисоб мерафт, бо табақабандии ҷамъиятии Сосониён вайрон карда шуд. Даргоҳи мактабу таълимгоҳҳо барои мардуми одию қобилияти илоҳидошта баста шуд, зулму золимии бесаводон боло рафт, халқи заҳматкашро азоби беҳирадин роҳбарон фаро гирифт. Чунин як нобаробарӣ боиси нооромии ҷомеа ва авҷ гирифтани мазҳабҳо гашт ва эътибори таълимоти Зардуштӣ коҳиш ёфт.
Шоҳони корнодидаи ин давра ба айшу маишат ва форигболӣ саргарм шуда,
аз кору бори давлат каме дур монданд, инро душмани хориҷӣ истифода карда,
аз ҳар тараф ҳуҷумҳо мекарданд.
Махсусан, дар замони подшоҳи охирини Сосониён — Яздигурди III, арабҳо борҳо ба ин сарзамин ҳуҷум намуда, оқибат қисме аз вилоятҳоро ишғол карда гирифтанд. Гарчанде, мардони боору номуси тоҷик, ки теъдодашон 30–40 ҳазор буданд, муқобилиятҳои беамон нишон медоданд, вале теъдоди арабҳо, ки бо оилаҳояшон омада буданд, аз 200 ҳазор зиёд буданд ва соли 651 Мовароуннаҳрро тасарруф намуданд. Баъдан арабҳо аз заифии давлатдории Сосониён истифода карда, солҳои 705–720 ба Балҳу Самарқанду Бухоро ҳуҷум карда, соли 725 ба Хатлон лашкар мекашанд, аммо дар ин ҷо арабҳо шикаст мехӯранд.
Истилогарони араб тамоми шаҳрҳои зебои тоҷиконро ба харобазор табдил дода, даҳҳо ҳазор одамонро ба ғуломӣ гирифтанд. Аҳолиро маҷбур намуданд, ки дину оини исломро қабул намоянд.
Бар хилофи табақабандии Сосониён дар дини ислом ягон хилофе дар
пайравони ин дин дида намешуд. Сарфи назар аз мансубияти қавмию нажодӣ ва
забонӣ ҳар як миллат ҳуқуқи баробар, дар омӯзиш ва риояи қонунҳои шариат
дошт, ки ин барои истилогарони араб кӯмаки калон мерасонид. Ислом қатл,
хиёнат, дӯздию ғоратгариро сахт маҳкум намуда, покдоманию поксириштиро
таълим медод. Арабҳо донишмандию хирадмандии мардумони ориёнажодро хуб
омӯхта буданд, бинобар ин, медонистанд, ки онҳо исломро ба зудӣ қабул

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё