Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
менамоянд. Аз дигар тараф, дар ислом қавму қабилабандӣ ҷудо нашудааст. Ҳанӯз аз ҳамон замонҳо иҷозат дода шуда буд, ки китоби муқаддаси «Қуръон»-ро бо забони форсӣ тарҷума намоянд ва сураҳои он бо забони форсӣ тиловат карда шавад.
Аз гуфтаҳои аксари донишмандон бармеояд, ки ислом ба ҳамаи миллату қавмҳо нигоҳи якхела дошта, мехоҳад, ки решаи миллатгароӣ ва қавму қабилапарастиро аз рӯи Замин нобуд созад ва давлати исломӣ низ ин қоидаро бояд дар роҳбарии хеш пурра риоя намояд. Ислом дунё ва охиратро ду чизи бо ҳам зич вобаста дониста, таъкид мекунад, ки инсони ростқавлу тозакор ва олиму донишманду боамал ва поксиришт мукофоти амали хешро ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират соҳиб мегардад. Худованди якаву ягона ҳамаи инро мебинад ва дар дафтари аъмоли ҳар як шахс навишта мекунад ва мукофоту ҷазои амалро ба ҳар як шахс медиҳад.
Худо бинанда ва шунаванда буда, раҳмдилу бахшоянда аст, яъне ба ҳар як фард имкон медиҳад, ки аз кори бад бигардад, амал ба кори нек бигирад ва Худои бузургвор аз гуноҳи ӯ мегузарад. Аз тарафи дигар шахсе ки меҳнатро дӯст медорад ва заҳматкаш аст, албатта ӯ ба биҳишт меравад, чунки камолоти ахлоқӣ маҳз дар заҳмат буда, инсони ранҷбар сазовори биҳишт мебошад ва Худованд ба ӯ баракат медиҳад.
Бояд гуфт, ки таълимоти ислом дар байни худи арабҳо ҳамчун меъёри ахлоқӣ пурра қарор нагирифта буд ва арабҳо ҳангоми ба ориёнҳо ҳуҷум намуданашон дар ҷойҳое, ки мардум сар намефароварданд, шамшерро истифода карданд ва ин албатта бар хилофи қонунҳо ва талаботи дини ислом буд, ки ба муборизаҳои шадиди зидди арабҳо оварда расонид.
Дар сарзамини тоҷикон мардум бо мазҳабҳои гуногун умр ба сар мебурданд ва адабиёти гуногуни динӣ вуҷуд дошт, ки қариб тамоми онҳо аз тарафи истилогарони араб сӯхта нобуд карда шуданд. Китоби муқаддаси дини зардуштии «Авесто»-ро нобуд сохтанд, хати ниёгонро барҳам доданд, ибодатхонаҳоро оташ заданд. Бутҳоро сӯзонида тиллоҳои онҳоро ғорат карданд, ҳайкалтароширо манъ сохтанд. Ҳуқуқи занҳо хеле паст шуда, аз истеҳсолоти ҷамъиятӣ дур карда шуданд. Садҳо ҳазор тоҷикон ватани азизи худро тарк

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё