Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Таърихи роҳбарии тоҷикон ҳодисаҳои бисёреро гувоҳ аст. Ин ҳодисаҳо аксар маврид дар байни олимону ихтироъкорон сурат мегирад. Бояд гуфт, ки эҷодкорӣ ва ихтироъкорӣ роҳу пайраҳаҳои зиёде дорад, ки яке ба дигаре кӯмак карда, халал намерасонанд. Ин роҳи васеи ақлонӣ аст, ки дорои чандин усулу воситаҳою захираҳо ва сирру асрори роҳбарӣ мебошад ва ҳеҷ гоҳ ҳаракати онро нанамоед, ки касеро аз пайраҳаи эҷод бароварда, худатон озод ҳаракат менамоед.

Чунин фикр куллан хато буда, мо Шуморо ба он даъват менамоем, ки ба мақому мартабаи дигарон ҳасадхӯру бахилу курбин набушед, чунки ҳеҷ гоҳ ҷой ва мартабаи дигар касро гирифта наметавонед. Бо ин роҳ фақат ба худатон зиён меовареду халос, яъне ягон мартаба пайдо накарда номатонро дар таърих ҳамчун бадхоҳу нопок сабт карда, сахт азоб мекашед.

Бинобар ин, роҳбариву мавқеъгирии мардонаворро пеша карда, сарбаландона ба пеш қадам гузоред, қоидаи нигоҳдории сирри роҳбарӣ, худифодагарию созандагиро сармашқи кори худ намоед ва ба ҳамаи мақсадҳои некатон мерасед. Хонандаи азиз, оиди худифодагарӣ ва ташкили муҳити созандагии менеҷмент мо бароитон дар мавзӯи ояндаи китоб пурра истода мегузарем.

45.3. Худифодагарии роҳбар ва ташкили муҳити созандагии менеҷмент

Мавқеъ ва мақоми роҳбарро пеш аз ҳама аз намуди зоҳирӣ, донишу хиради кордонӣ ва доимо дар маркази диққат будани роҳбар муайян мекунанд. Дар маркази диққат будани роҳбар ин худифодагарӣ ё худнишондиҳии кордониро оиди ҳалли масъалаҳои гуногуни роҳбарӣ мемонанд. Барои диққати дигаронро ба худ ҷалб намудан доимо талош намоед, ки монанди ситора дурахшон бошед. Ҳатто, вақте ки Шуморо сарзаниш низ мекунанд, ҳаракат намоед, ки аз назари мардум ва зердастони худ дур набушед. Доимо кору рафтореро интихоб намоед, ки диққати миқдори муайяни одамонро ба худ ҷалб

пешина
аз 566
навбатӣ