Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

карда тавонед. Вақте ки ба шумо диққати одамон ҷалб мешавад, аллакай ҳуқуқ пайдо месозед, ки талаботи онҳоро таъмин карда тавонед. Мақсади асосии худнишондиҳии роҳбарӣ ин пеш аз ҳама диққати одамони бисёро ба худ ҷалб намудан ва аз он истифода кардан мебошад. Аз ин хотир, мо бояд дар навбати аввал дар андешаи он дошта бошем, ки чӣ тавр диққати одамонро ба худ ҷалб намоем. Сипас андеша намоем, ки бо ин мардуми ҷалбкардашуда чӣ бояд кард. Барои ин ҳатто баъзе аз муаллифон ба муқобили мақолаи худ дар рӯзномаю маҷаллаҳо мақолаҳои танқидӣ таҳия намуда, диққати хонандаро ба худ ҷалб менамоянд.

Бояд гуфт, ки диққатҷалбкунӣ ба кадом василае, ки сурат нагирад, хоҳ мусбӣ ва хоҳ манфӣ, оқибати он ба фоидаи шумо мебошад. Бинобар ин, равшан будан ва ҷило додан дар байни гурӯҳи одамон, ин як усули кордонӣ дар хиради роҳбарӣ буда, омӯзиши баландеро талаб менамояд ва бояд доимо ҳамчун оҳанрабо оҳани вазнинро ба худ кашида тавонад. Барои муваффақ гаштан ба худнишондиҳӣ дар навбати аввал намуди зоҳирии худро дар пайравии шахсиятҳои таърихӣ ва ё шинохтаю маъруфи замони худ омода сохта, дар суханронӣ ва тарзу усули роҳбарӣ ба онҳо тақлид кунед ҳам зарар надорад. Ё ягон тарзу усули кордонию суханронии беҳтаринеро пеша намуда, дигаронро маҷбур созед, ки дар бораатон сухани арзандае гӯянд. Баъд аз муддате аллакай ҳис мекунед, ки Шуморо ҳамчун шахсият ва роҳбари дорои хислату рафтори махсус кормандон ва ҳатто қисме аз ҷамъият эътироф менамоянд.

Бо мақсади диққати мардумро ба худ ҷалб кардан набояд нақши манфиро бозида ба мардум зиён оваред, чунки инро мардум зуд ҳис карда, аз Шумо рӯй мегардонанд. Барои он ки ба хатое роҳ надиҳед ва ё аз назари дигарон дур набошед, набояд аз таваҷҷӯҳи мардум, ки мусбӣ аст дар канор бошед. Бояд гуфт, ки дар ҷамъият одамони бисёре кору фаъолият дошта, роҳбарӣ мекунанд, вале шахсони диққатҷалбкунанда ва худифодагар хеле каманд ва ҷамъият ба онҳо талаботи махсус дорад. Ҳатто ҳолатҳоеро метавон дучор шуд, ки барои худнишондиҳӣ ба тӯҳмату бӯҳтонҳо ва задухӯрдҳои калон низ рӯ ба рӯ мегардед. Маҳз ҳамон сифатҳои беҳтарину фарқкунандаатон метавонад Шуморо наҷот дода боз ба мавқеи худ баргардонад.

пешина
аз 566
навбатӣ