Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
поштани сирри роҳбариро дар худ нигоҳ доред. Ҳар яке мо низ ин хислатро ба худ дорем ва вақте дар бораи ягон санъаткори машҳур ва ё донишманди асил мешунавем ва ё дар рӯзномаҳо мехонем, дарҳол дар дил хоҳиши ҳар чӣ зиёдтар дар бораи ӯ шуниданро пайдо мекунем. Баъдтар хабар меёбем, ки ӯ ба мамлакати мо омадаасту консерт ва ё вохӯрӣ дорад, новобаста ба маблағи калони консерт мекушем, ки ба тамошо рафта, бо ӯ аз наздик шинос гардему ҳамон интизории худро ормон шиканем, яъне тамоми одамон доимо дар талоши чизи нав буда, ҳатто ба тамоми хароҷотҳои калон тайёранд, то бо он шинос шаванд ва маълумоти бештаре гиранд.
Агар ба таърих назар афканем, инсонҳо аз нофаҳмию тарс ба ҳар гуна бемориҳою офатҳо гирифтор шуда, беақлона нобуд мегаштанд. Бинобар ин, доимо кӯшиш бар он медоданд, ки чизи навро, дониши навро оид ба одам, табиат ва муҳит аз бар намоянд аз ин торикии зиндагӣ халосӣ ёбанд. Дар ҳақиқат ин хислат то имрӯз дар вуҷуди аксари мо боқӣ мондааст ва доимо ҷаҳди аз олами нофаҳмӣ ба рӯшноӣ баромаданро дорем ва дар ин пайраҳаи торику номаълум бояд касе чароғ дар даст дошта бошад ва он нурро ҷило диҳад. Маҳз аз ҳамин ҷой сарчашма мегирад фалсафаи нишонагирии роҳбарон ба худнишондиҳӣ ва худифодагарӣ, яъне ин талаботи баланди инсонӣ буда, ҳар як роҳбари хирадманд вазифадор аст, ки чунин функцияро ба уҳда гирифта барои зердастон хонаи умед гардад. Албатта, иҷрои ин вазифаи муҳими инсонӣ осон ба даст намеояд, чунки дар табиат ва инсоният боз ҳастанд қувваҳои бадхоҳ, ки ин равшаниро намехоҳанд ва орзую умеди онро доранд, ки мардумро доимо дар зулмоту торикӣ нигоҳ дошта, ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Ин ҳокимияти махфие, ки дар кам ҳолатҳо худро айён месозад, ҳамон қувваҳои бадие мебошанд, ки доимо мову Шуморо дар каминанд. Аз дигар тараф, ана ҳамин зиддият бояд сабаб гардад, ки мо ба худифодагарӣ бирасем ва ба он қувваи бадӣ ғалаба карда нурафшони халқу миллат гардем. Барои ноил гаштан ба муваффақият мо набояд дар ҳарос буда, ягон сарчашмаи аз ақл берун ва осмониро интизор бошем, балки онро аз дарсу машғулияти ҳаррӯза ва роҳбарии зердастон ва олами касбии худ ҷустуҷӯ ва пайдо намоем. Қобили зикр аст, ки ҳатто одамони оддӣ ва кормандони касбӣ низ метавонанд диққати мардумро ба худ ҷалб карда, барои мардум шавқи баландро пайдо созанд. Мисол, вақте банда сафари Миср

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо