Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

доштам, дар назди аҳромҳои Фиръавн мардумони оддӣ шутурҳои худро бо зару зевар оро дода, барои аксбардории меҳмонони хориҷӣ омода карда буданд. Мо низ наздик омада хоҳиши аксбардорӣ кардем. Он гоҳ яке аз соҳибони шутур хизмати иловагӣ пешниҳод намуд, яъне ба болои уштур савор шуда, сурат гирифтан ва 2 — 3 нафарро ба он ҷалб кард. Дере нагузашта, мардуми бисёре ҷамъ шуда, аксарият хоҳиши ба болои шутур савор шуданро карданд. Соҳиби шутур аз имкон истифода карда нархи суратро боз каме баланд бардошт, вале барои хоҳишмандон аллакай нарх моҳият надошта, хоҳиши ба болои шутур баромадан баландтар буд. Ман ин мисолро барои он овардам, ки вақте Шумо дар ҳақиқат чизи нави ба талаботи мардум маъқулро эҷод менамоед ва гурӯҳи аввали мардумро ҷалб карда тавонистед, он гоҳ новобаста ба нархи баланд харидоронро пайдо мекунед. Новобаста ба он ки фикри Шумо оддӣ аст ва ё мураккаб, муҳим он аст, ки дар ҳамон ҳолати роҳбарӣ онро хуб ва бомақсад тарзе нишон дода тавонед, ки он ба чашми бинанда навъ тоза намуда, аз он лаззат бубаранд. Шояд дар мисоли боло ин фаъолият барои соҳиби шутур нав набуд, вале ӯ тарзе ба мо муаррифӣ намуд, ки гӯё то ин замон ягон сайёҳеро ба болои шутураш савор накарда бошаду мо аввалин мизоҷонем ва дар аввал гӯё норозӣ будани худро вонамуд сохт, то мо ӯро илтимос намоем. Бо ин рафтори худаш диққати моро ба худ ҷалб намуд ва аз ин фоида низ ба даст овард. Дар роҳбарӣ низ ин сирро омӯхта, каме тоқат ва ҳолати қулай пайдо карда, корро шурӯъ бояд намуд. Ҳеҷ гоҳ хоҳиши парвози якбораи баландро нанамоед, махсусан, вақте ки худатон тайёр нестед ва боварӣ надореду мардум Шуморо қабул надоранд. Дар ин ҳолат шояд қурбони худнишондиҳӣ шуда, ҳатто мавқеи бударо низ аз даст доданатон имкон дорад.

Бинобар ин, хуб мебуд, ки дар менеҷменти корхона бо ташкили муҳити
созандагӣ аз донишу хиради дигар кормандон истифода карда, фаъолияти
роҳбарии хешро баланд гардонед. Чунин усули ташкили роҳбарӣ имкон медиҳад,
ки на фақат вақти хеш, балки қувваю ғайратро барои ояндаатон сарфа карда,
мунтазам боло меравед, ва дар ин ҳолат ҳама гуна ғалабае, ки ба даст меоваред
ба тамоми коллектив тааллуқ дошта, дар ҷамъбаст ин муваффақияти шумо
мебошад. Одамон чунин хислат доранд, ки агар Шумо ба бевосита ҳамкорӣ
даъват намоед, хоҳиши бештар пайдо мекунанд, нисбат ба оне, ки ҳама кор

пешина
аз 566
навбатӣ