Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ки мебинед. Аммо ба Шумо 30 сол хизмат карда будам, афсӯс, ки ба қадрам нарасидед. Подшоҳ аз шарм сурх шуду фармон дод, ки вазирро озод намоянд, ҷома пӯшонида, узр пурсид ва боз чандин солҳои дигар бо боварии калон ба якдигар кору фаъолият доштанд».
Дар ин нуқта боз таъкид дорем, ки гарчанде Шумо дар соҳаи худ донишмандеду фикрҳои ҷолиби диққат доред, дар назди роҳбари хеш чунин рафтор намоед, ки ин донишмандӣ ба ақидаи роҳбаратон ҳамоҳанг бошад.
Доимо кӯшиш намоед, ки бо дониши хеш фикри роҳбарро пурра карда, фаъолияти менеҷменти корхонаро ҳамчунону ба раванди эҷодкорӣ табдил диҳед.
Дар ҷодаи эҷодкорӣ ва ихтироот бояд бидонем, ки таъсири ҳокимият чӣ тавр сурат мегирад. Дар ҳолати муноқиша исбот намудани ин ё он кашфиёт гарчанде ба ғалабаи Шумо анҷом ёбад ҳам, дар дилатон як норизоӣ боқӣ мемонад. Пас, фарқият байни ҳаракатҳо ва намоишҳо вуҷуд дошта, вазифаи хиради менеҷмент маҳз дар он мебошад, ки дар фаъолияти созандагии роҳбарӣ пиндору гуфтору рафтор бояд нек бошанд. Дар таърихи Англия омадааст, ки Сэр Кристофер Рен яке аз шахсиятҳои бузурги замони инкишофи ин мамлакат дар асл меъмор буда, риёзӣ, физика ва физиологияро хуб медонистааст. Вақте ки соли 1688 барои раиси шаҳр биноеро лоиҳа мегирифтанд, пешакӣ бо раиси шаҳри Лондон маслиҳат карданд. Як нуқта ба раис писанд наомад, ки байни ошёнаи якум ва дуввум сутун надораду ин хатарнок аст. Гарчанде Рен исбот мекард, ки сутун зарур нест, раис дар сухани худ истода буд. Баъд Рен риво мешавад ва биноро сохта, сутун мегузоранд. Аз байн чандин сол мегузарад, сохтмончиён дар вақти таъмир мебинанд, ки сутунҳо ба шифти бино нарасидаанд. Дар ин ҷо шояд ин амал аз тарафи Рен фиреб буд, вале раис аз он қаноатманд шуд ва Рен бовар кунонид, ки лоиҳаи вай беҳтарин аст ва дар ин мавриди сутун лозим нест.
Маҳз қувваи созандагии Рен дар мисоли боло устувор буда, худи ӯ ба ин боварии комил дорад. Гарчанде Шумо дар замоне ва ё ҳолате ҳокимияти ақидаҳои худро надоред, хуб мешуд, ки онро созед ва дар мисоли созандагӣ ҳақиқати ҳолро исбот намоед.
Ривоят мекунанд, ки вақте котиби ҲКИШ Н.С.Хрушёв аз минбари
баланд оиди ҷиноятҳои Сталин сухан мегуфт, касе аз толор бо овози баланд

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо