Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гуфт: «Худи Шумо ҳамроҳи Сталин якҷоя кор кардед, барои чӣ ҳамон вақт ӯро боздошта натавонистед?» Н.С.Хрушёв дар ғазаб шуда ба толор нигоҳ карда мепурсад: «Кӣ ин суханро гуфт?» Ҳама хомӯш. Боз пурсид, маротибаи сеюм пурсид, ҳама хомӯш, касе нафас намекашид. Н.С.Хрушёв баъди андаке хомӯшӣ мегӯяд: «Акнун фаҳмидед, ки барои чӣ ҳамон вақт ман Сталинро манъ дошта натавонистам». Мазмун аз ин ривоят он аст, ки тарси ҳокимияти Сталин чунон баланд буд, ки баҳс як тараф истад, касе бо ӯ ҳамсуҳбат шуда наметавонист.

Пас барои созандагӣ зарур аст, ки сарвар дорои мустақилияти фикрронӣ буда, доимо барои ташкилот зарур бошад. Ҳар қадар ҳузуратон дар менеҷмент бештар бошад, ҳамон қадар ақидаи созандагии шумо дар амал татбиқшаванда мегардад. Бинобар ин, доимо ҳаракат намоед, ки пешравӣ ва созандагию беҳтаршавии кормандонатон аз Шумо вобастагии калон дошта бошад ва кормандон инро ҳис намоянд.

Қонунияти хиради роҳбарӣ низ дар он зоҳир мегардад, ки бояд доимо талабот ба сарварии Шумо вуҷуд дошта бошад, яъне сарвариатон талаботи кормандонро қонеъ гардонида тавонад, вагарна ҳокимиятатон оҳиста-оҳиста хароб шуда, оқибат аз байн меравад.

Чунин қонуният дар тамоми бахшҳои иқтисодӣ ҳукмрон буда, ҷаҳони иқтисодиро идора мекунад ва мардум ҳамон вақт бо дилу ҷон меҳнат ва кору фаъолият менамоянд, ки талаботи онҳо қонеъ гардонида шаванд. Вақте ки Шумо ҳамчун роҳбар талаботи онҳоро қаноатманд карда наметавонед, онҳо мустақилона амал карда, барои қонеъ кардани талаботи хеш мекушанд, вале аз роҳбариатон норизо шуда, ба фармонатон итоат намекунанд ва агар имкон пайдо шуд, сарнагунатон мекунанд. Бинобар ин, агар аз қонуни талаботи сарварӣ бохабар бошед, талош намоед, ки талаботи одамонро қонеъ гардонида, онҳоро ба худ муттаҳид сохта, тарзе роҳбарӣ намоед, ки кормандон аз Шумо вобаста бошанд, на баръакс.

Аз ин нуқтаи назар сарвари хирадманд, новобаста ба ҳолату замон доимо мекушад, ки вобастагии кормандонро аз худ ва ташкилот нигоҳ бидорад. Дар чунин ҳолат боварии дутарафа пайдо гашта ҳокимиятатон пойдор мемонад.

Пас қуллаи баланди ҳокимият ин қобилияти корфармоии кормандонро доштани роҳбар буда, бояд тавонад, то одамон бо хоҳиши ӯ кору фаъолият

пешина
аз 566
навбатӣ