Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
намоянд. Агар аз ӯҳдаи ин талаботи хиради менеҷмент баромада тавонед ва одамон бо дилу ҷон мувофиқи хоҳишатон кор кунанд, маълум мегардад, ки ҳокимияти шумо дар қуллаи баланд буда, поянда аст. Яке аз усулҳои расидан ба ин қулла вобастагии кормандон аз сарвар мебошад. Ҳатто муносибатро бо сарвари боло хуб нигоҳ доштан низ бо ин роҳ сурат мегирад, яъне роҳбари болоӣ низ бе Шумо кору фаъолият карда наметавонад, чунки вай нисбат ба шумо кундзеҳн аст ва ё қобилияти сарварӣ надорад. Дар ин ҳолат ӯ медонад, ки аз Шумо халос шудан бароишон мушкилиҳо ва зиёни калон меорад ва ҳеҷ гоҳ чунин рафтор наменамояд. Баъзе мавридҳо роҳбарони камтаҷриба хаёл мекунанд, ки гӯё ҳокимият мутлақ буда, аз касе вобастагӣ надоранд. Ин хатои беақлона мебошад, чунки ҳокимият пеш аз ҳама ин муносибатҳои одамист.
Бинобар ин, дар ҳокимиятдорӣ барои ҳар як роҳбар даста, коллектив ва кормандони касбӣ шарти зарурӣ мебошад, чунки роҳбари озоди мутлақ вуҷуд надорад. Шумо метавонед озодии мутлақро интихоб намоед, вале дар он ҳолат ҳокимият дошта наметавонед. Агар хоҳиши ҳокимияти баландро дошта бошед, муҳити созандагиеро ташкил намоед, ки дар он сарвар бошед ва кормандон ҳалли он муаммоҳоро бе дастгириатон, ҳатто, тасаввур карда натавонанд.
Ривоят мекунанд, ки Луқмони Ҳаким дар илми тиб хеле боқувват буд ва дар дарбори подшоҳ табиби беҳтарин ба ҳисоб мерафт ва ҳурмату эҳтироми зиёде доштааст. Донишмандии ӯ чунон машҳур мегардад, ки барои табобати тамоми беморон ӯро даъват менамуданд. Кор ба ҷое расид, ки табибони дигари дарбор ба ӯ рашку ҳасад бурда ба подшоҳ гуфтанд, ки Луқмон аз илми тиб бохабар набуда, балки ҷодугару фиребгар аст. Шоҳ ба гуфтаҳои душманон бовар карда, Луқмонро барои имтиҳон даъват менамояд ва мегӯяд, ки: Луқмон, мо ба табибиатон каме шубҳа дорем. Бинобар ин, хуб мебуд, агар ягон мӯъҷизае мегуфтед, ки мо ба дониши Шумо бовар мекардем. Гарчанде Луқмон хоксорӣ карда, илтимос мекунад, ки ӯро маҷбур насозанд, аммо шоҳ талаби қатъӣ менамояд. Луқмон пешгӯӣ мекунад, ки кадом як корманди дарбор баъди 10 рӯз аз дунё реҳлат мекунад. Дар ҳақиқат чунин мешавад. Шоҳ аз ин сахт дар ҳавотир шуда, дар ҳаёлаш ду фикр меояд.
- Илми Луқмон ба дараҷае боло рафтааст, ки аз ҳама асрори дунё ва ғайб бохабар аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо