Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

оила, ташкилот ва умуман дар ҷамъият таъмин намудан мебошад. Яъне вазифаи роҳбари донишманду хирадманд, ин мувофиқакунонии фаъолияти оила, ташкилот, давлат ба талаботи бозор, бо роҳи таъмин намудани фоиданокии иштироккунандагони вай мебошад. Бинобар ин, мувофиқакунонии мақсаду маром ва фаъолияти ин се ячейкаи ҷамъиятӣ низ бар зиммаи роҳбари донишманду хирадманд вогузор аст. Дар ин ҷо нигоҳ доштани масофаи мақбули иқтисодию иҷтимоии байни одамони сарватманду камбизоати ҷомеа, халқҳо ва қабилаҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ мебошад.

Албатта, боигарии пулию молӣ ва дигар захираҳои бозорро на ҳама мехоҳанд, бо ҷамъият тақсим намоянд, аммо аз нигоҳи фаҳмишу донишҳои иқтисодӣ ва хиради роҳбарии тоҷикон меъёрҳои муайяни иқтисодию этикие вуҷуд доранд, ки мо бояд ҳатман онҳоро риоя намоем. Ин пеш аз ҳама музди меҳнати кормандонро аз рӯи инсоф муайян карда, сари вақт додан, нархи молро аз рӯи адлу инсоф муқаррар намудан, андози пурраи молро супоридан, ба камбагалону дармондагон кӯмак кардан мебошад. Маҳз мардуми тоҷик файзу баракати фаъолияташро дар адлу инсофи роҳбарӣ ва додани закоти мол, ҳалолию покизагӣ ва риояи ин арзишҳо мебинад.

Гарчанде ки мо шаклҳо ва намудҳои гуногуни молро чӣ дар хона, корхона дар бозор истеҳсол, истеъмол ё ба фурӯш набарорем, дар ҳама ҳолат муносибатҳои инсонӣ мақоми аввал дошта, донишу рафтори роҳбарӣ ин равандро муқаррар месозад. Аз ин нигоҳ маълум мегардад, ки донишу хиради роҳбарӣ тамоми ҷабҳаҳои зиндагии моро фаро гирифтааст.

Дидани ин ҷараён дар шакли яклухти иҷтимоию иқтисодӣ ва хиради инсонӣ ин нишонаи донишмандии роҳбарон мебошад. Донишу хиради иқтисодии роҳбар бояд то андозае инкишофи худро дошта бошад, ки ин мутаносибиҳоро дарк ва баробариро на фақат барои имрӯз, балки барои оянда низ пешгӯй карда тавонад. Мисол, дар баробари афзоиши нархи молу масолеҳ ва амволи хона, баҳо додани арзиши вақти ҳаёти инсонӣ, падару модар ва фарзанд, қадру қиммати онҳо нисбат ба дигар захираҳо доимо бояд афзалият ва дар навбати аввал қарор дошта бошанд, чунки баробари болоравии нархҳо, албатта, барои тарбия ва пӯшонидану хӯрондани фарзандон маблағи илова сарф карда мешавад. Аммо ин нишонаи хароҷоти беҳуда набуда, балки болоравии чандқаратай

пешина
аз 566
навбатӣ