Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

арзишҳо ва нишораи болоравии мавқеи баланди инсон мебошад, ки мо бояд дар навбати аввал онро ба зердастон, падару модару фарзанду дармондагон таъмин созем.

Аз ин хотир, арзишҳои донишу хиради роҳбарӣ фақат дар доираи муносибатҳои истеҳсолию молӣ анҷом напазируфта, балки боз дар ҷустуҷӯю интихоби захираҳои навин, арзишҳои беҳтарини муносибатҳои инсонӣ идома ёфта, доимо дар андешаи нигоҳдории мувозинати самаранокии ин захираҳо мебошанд. Маҳдудияти захираҳо ва афзоиши бемайлони талабот масъулияти роҳбариро хеле ва хеле мушкил гардонидааст. Афзоиши талабот ва маҳдудияти захираҳо дар навбати аввал болоравии нархҳоро ба миён меоварад, ки ин дар навбати худ ба буҷаи оила, ташкилот ва давлат таъсири худро мерасонад.

Дигар тарафи талаботи донишу хиради роҳбарӣ он аст, ки ахбори бозор доимо тағйирёбандаю афзоишёбанда буда, барои ҳар як роҳбар қувваю донишмандии иловагӣ ва барои донистану коркарди ахбори пурра боз хароҷоти иловагӣ зарур мебошанд, ки ин дар навбати худ қиммати хароҷоти идоравиро афзуда, дар охир боз ба нархи мол таъсир мерасонад. Чуноне ки бузургон мегӯянд:

Хирадманд он бувад, к-ӯ дар ҳама кор
Накӯбин ҳасту солимфикр умре.

Рафтори иқтисодии роҳбарӣ худсафедкунӣ ё фиребро напарастида, балки асоснок ва дуруст истифодабарии хароҷоти иловагии пулию молӣ ва рӯҳию ҷисмонӣ мебошад, ки барои ба даст овардани «зиндагонии хуб» кӯмак мерасонанд. Пас мо бояд сабаби зиёдшавӣ ё қимматшавии онҳоро не, балки донишу хиради истифода, ҷобаҷогузорӣ ва роҳҳои манфиатнокии ин захираҳоро ҷустуҷӯ намоем. Чунин нигоҳи иқтисодии рафтори роҳбарӣ метавонад моро ба дарки масоили арзишии ҳаёт ва умуман захираҳо бурда расонад, ки барои ташаккули менеҷменти муосир яке аз омилҳои зарурӣ мебошад.

Аз дигар тараф, рафтори иқтисодии роҳбарӣ на фақат дар фаъолияти муносибатҳои бозорӣ, балки дар сиёсат, оила ва дигар муносибатҳои ғайрииқтисодӣ, дар рафтору кори ҳар корманди ташкилот дида шаванд. Дар он ҳолат метавон иброз намуд, ки мо ташаккули босуботи менеҷменти муосири тоҷикро таъмин карда метавонем. Бояд гуфт, ки имрӯз дар аксари мамолики

пешина
аз 566
навбатӣ