Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар аввали асри VIII дар шаҳри бостонии тоҷикон Балх хонадони ашрофиёни маҳаллӣ - Сомониён оҳиста-оҳиста ба сари қудрат меоянд. Набераҳои Сомонхудот ба як қатор вилоятҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла Нуҳ ба Самарқанд, Аҳмад ба Фарғона, Яҳё ба Чоч, Илёс ба Ҳирот, ки солҳои 819-820 дар замони Тоҳириён аз ҷониби эшон амир таъин гашта буданд, ҳокимияти худро дар маҳалҳо мустаҳкам намуда, ҳатто ба номашон сиккаҳои мисин мебароварданд. Дар Хатлон бошад, Ҷаъфар ибни Абуҷаъфар аз номи Сомониён Аҳмад писари Исмоил ҳоким буд. Азбаски давлат мутамарказ набуд, он қадар нуфузи баланди ҷаҳонӣ надоштанд. Баъдан ба аҳли ҳамин хонадон Исмоил ибни Аҳмад муяссар гардид, ки давлати ягона ташкил намояд ва ба ин васила ӯро асосгузори давлати Сомониён (892-907) меноманд. Тохтутози туркони бодиянишин намегузоштанд, ки Сомониён ба зиндагии осоишта гузаранд. Исмоили Сомонӣ ба кӯчманчиён ҳамла оварданд, ки дар ҳайати лашкарашон ҷавонмардони хатлонӣ низ буданд ва зиёда аз 10000 туркҳоро бо хонашонашон асир гирифтанд. Дар натиҷа муддате тохтутохҳо ба Мовароуннаҳр қатъ гардид. Хилофати арабҳо аз ин хавф бурда мехостанд, ки дигар касро амир таъин намоянд, вале Исмоил лашкари амирро низ торумор намуда, қисме аз заминҳои Саффориёнро ба зери ҳокимияти хеш даровард.

Қадами аввалине, ки Исмоил барои мустаҳкам кардани системаи роҳбарии давлатӣ гузошт, ин таъин намудани волиҳои хеш дар вилоятҳо ва дуюм оид ба қонунҳои давлатӣ ба халқ такя кардани ӯ мебошад. Барои ба халқ наздик шудан ва дастгирии халқро соҳиб гаштан чандин тадбирҳоро андешид, анъанаҳои халқиро аз нав зинда гардонид. То андозае кӯшиш намуд, ки адлу инсофро дар кори роҳбарӣ ҷорӣ созад ва нисбати халқи оддӣ ғамхор бошад.

Яке аз бузургтарин ҷуғрофидонҳои асри миёна Ал-Макдисӣ дар бораи Сомониён ва мулки онҳо навишта буд: «Хуросон пуршукӯҳтарин сарзамин аст, ки аз ҳама бештар бузургон ва уламо ба олами ислом додааст. Кони эҳсон, боргоҳи илм, сутуни устувори ислом ва пойдевори ӯст. Подшоҳонаш Сомониён бошукӯҳтарин шоҳонанд ва сипоҳи вай беҳтарин низомнёнанд. Ва қавӣ бошад, шуҷоати беандоза, хиради солим, номи баланд, моли фаровон, саворагон ва пиёдагон доранд ва фатҳу зафар ёри онон бошад. Дар он рустаҳои бошукӯҳ, деҳаҳои ороста, борҳои пайваста, обҳои равон, неъматҳои фаровон, адолати

пешина
аз 566
навбатӣ