Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пойдорро дар давлате хоҳӣ дид, ки ҳамеша зафарёб ва дастгиршаванда аст ва ҳукумате, ки Аллоҳ ба онҳо ҷовид гардонад. Бидон ин иқлимро бародарони Ҳайтол ва Хуросонро писари Оли Сом, писари Нӯҳ обод кардаанд».1

Бояд гуфт, ки давлати Сомониён дар тамаддуни давлатдории халқи тоҷик нақши нотакроре гузоштааст. Вай тавонистааст, ки халқи тоҷикро баъд аз ҳукмронии тӯлонии истилогарони араб, боз муттаҳид гардонида забон, адабиёт, маданият ва иқтисодиёти миллии тоҷиконро аз нав барқарор созад. Ин шакли давлатдорӣ, зиёда аз 180 сол давом карда, ҳамчун осори адл ва сирати некӣ боқӣ мондааст.

Дар ҳақиқат Исмоили Сомониро таърих ҳамчун пешвои хирадманд, сиёсатмадори барҷаста муаррифӣ намуда, таърихнигорон менависанд, ки ӯ авзои дохила ва берунаро хеле хуб дониста, дарк мекард ва тамоми кӯшишу ғайраташро ба он равона месохт, ки давлати миллии тоҷиконро поягузор бошад. Бо хирадмандию донишмандӣ, ақлу заковат дар байни оммаи халқ шинохта шуда буд ва ӯро «Шоҳаншоҳи Одил» ҳам ном мебурданд.

Сохтори давлатдории Сомониён дар пайравии давлатдории Сосониён ва тарзи идораи молу мулкии Тоҳириён ва Саффориён гирифта шуда, ташаккул дода мешавад.

Ба ҷои шаш девони вазирони давлати Сосониён дар замони Сомониён 10 девон ташкил карда шуда ва идораи он ба дӯши вазирон вогузор ва чунин номгузорӣ шуда буданд:

  1. Девони вазир.
  2. Девони муставфӣ.
  3. Девони амид-ул-мутеъ.
  4. Девони соҳиб-уш-шурот.
  5. Девони соҳиб-ул-барид.
  6. Девони мӯҳтасиб.
  7. Девони мушриф.
  8. Девони мулкҳои давлатӣ.
  9. Девони қозӣ.
  10. Девони вақор.
пешина
аз 566
навбатӣ