Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шудаед ва дар фаъолиятатон пешравӣ дида намешавад. Хоҳ нохоҳ кӯшиш мекунед, ки хароҷотҳоро кам карда, фоида ба даст оред.

  1. Зинаи сеюм, акнун дарк мекунед, ки мақсади асосиатон на фаъолияти зинаи аввал ва на зинаи дуюм, балки ташкили системи дурусти фаъолияти роҳбарӣ мебошад, ки ҷараёни дурусти истифодаи имкониятҳоро дошта, ба мардум манфиат бахшад ва худи ташкилотатон аз ин фоида гирад.

Шояд гуфтаҳои мо барои роҳбаре, ки ин зинаҳоро нагузаштааст, каме нофаҳмо бошад ва онро қабул насозад, вале мо боварӣ дорем, ки бо гузашти айём ба ақидаи мо ризо хоҳед шуд. Таъкид менамоем, ки мақсади мо он аст, то ҳар як роҳбар лаҳзае аз мақсадгузории Олӣ дур набошад ва танбал нагардад.
Баҳонаҷӯй кардан ё сабаб ёфтан осон аст, вале ҳақиқати ҳол дигар аст.
Ҳақиқатро мардуми тоҷик талх низ мегӯянд, чунки вақте ҳақиқатро мегӯянд, камбудии мо тез ошкор мегардад.

Махсусан, ин ҳолатро дар фаъолияти кормандони соҳаи илму маориф, устодони макотиби олӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Вақте мехоҳед ҳақиқатро баён карда, устодеро аз гирдоби камсаводӣ каме берун бароред ва хоҳиши онро мекунед, то 2 - 3 моҳ барои таълифи китоб ё дастур оиди фанне, ки ӯ солҳои зиёд аз он дарс мехонад, рухсатии эҷодӣ гирад, ӯ баҳонаҳои зиёд пеш меорад, то ба рухсатии эҷодӣ наравад, чунки барои иҷрои ин кор устод бояд боз адабиёти нав мутолиа намояду нишаста эҷод кунад, аммо ин қобилиятро ӯ аллакай надорад. Ин албатта, ба сифати кори донишгоҳ таъсири худро расонида, оҳиста - оҳиста кори роҳбариро низ бесамар мекунад, махсусан, вақте ки чунин устодони сустсавод дар донишгоҳҳо бисёр мегарданд. Банда инро дар рафтори қисме аз устодони факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллӣ мушоҳида кардааст.

Агар зердасти Шумо доимо дар таърифиатон камар бандад, маълум аст, ки ягон камбудӣ дар фаъолиятатон ва серталабиатон мушоҳида шудааст, ки ӯ озодона Шуморо ситоиш мекунад. Афсӯс, ки аксари роҳбарон ин сустиродагириро дорем ва дар сурати моро васф кардани атрофиён хеле хурсанд мегардем, вале агар мазаммат созанд, дар қаҳру ғазаб мешавем.

пешина
аз 566
навбатӣ