Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Омили дигари хиради роҳбарӣ ин худмаҷбурсозӣ мебошад. Натиҷаи худмаҷбурсозӣ амалӣ гардонидани хоҳишу мақсадҳое мебошад, ки Шумо аллакай доред. Дар ин ҷода ба ҳар як роҳбар қувваи рӯҳӣ ва шуҷоатмандии кӯмак мекунад. Агар кӯшишу ғайрат ва хоҳиш дар якҷоягӣ амал кунанд, ин қувваи бузурге шуда, шуморо ба мақсад мерасонад. Махсусан, роҳбароне, ки ба қуллаҳои баланди роҳбарӣ расидаанд, дар худ қувваи баланди шуҷоат ва хоҳишро доранд ва онро дар якҷоягӣ истифода мекунанд.
Дар ҳақиқат дар илми менеҷмент исбот шудааст, ки якҷояшавии шуҷоат ва хоҳиш қувваи асосии расидан ба мақсад аст. Худмаҷбурсозӣ бошад аз мавҷудият ва дараҷаи ин қувваҳо сарчашма мегирад. Набудани худмаҷбурсозӣ сабаби асосии ноомадиҳои кору фаъолият мебошад. Маҳз сустирода будани роҳбар низ дар набудани худмаҷбурсозӣ зоҳир мегардад. Ин заифиро ҳар яки мо метавонем дар асоси қувваи бузурги хоҳиш аз байн бардорем. Мо дар қисмҳои 2 ва 3-юми китоби Менеҷмент ҳолатҳои гуногуни қувваи хоҳишро мисол овардаем, ки ҳатто инсонҳоро аз марг наҷот додаанд. Боз таъкид менамоем, ки боварӣ ба худ, ки дар аввали ҳамин боб гуфта гузаштаем, сарчашмаи амалигардии хоҳиш бо роҳи худмаҷбурсозӣ мебошад.
Рӯҳшиносон менависанд, ки аслан камбизоатӣ насиби он шахсоне мебошад, ки онҳо қашшоқиро мехоҳанд. Ва дар навбати худ сарватманд гаштан низ хоҳиши худи одамони сарватманд аст. Албатта, дар ин маврид ҳикмате вуҷуд дорад ва мо низ ба фикри рӯҳшиносон шарикем. Дар ҳақиқат вақте ки ягон ҳодисаи мудҳишро дар хоб мебинед, кӯшиш мекунед, ки аз он халос шавед ва ҳатто дод зада аз хоб бедор мешавед. Хуб мебуд, ки дар бедорӣ дар дарки ҳамон камхоҳишӣ ва сустиродагӣ ва беғайратӣ бароитон монандӣ даҳшат тобад, дар он маврид бо андешаи мо, Шумо дод зада аз он роҳи халосӣ меҷӯед.
Албатта, худмаҷбурсозӣ як навъ раҳои ёфтан аз муҳит низ мебошад, яъне вақте ки аз хислатҳои пешинаи худ дурӣ меҷӯед, хоҳу нохоҳ аз дӯстон, атрофиён, ки ҳамроҳони танбалатон халос мехӯред. Аз дигар тараф, ин ғалаба аст. Агар қадами аввали ғалабаро гузоштед ва аз он ҳаловат бурда тавонистед, қадами дуввумро аллакай боғайратонатару мегузоред. Дар натиҷа Шумо роҳрав шуда аз каму беши афтиданҳо наметарсед. Ва дар мавриди давиданро ёд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор