Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз ин ҷо, мо вазифадор ҳастем, ки аз муҳити носолим худро дур сохта, ба муҳити ҳамроҳ шавем, ки барои ба мақсадҳои неки мо расидан шароити мусоид муҳайё намояд. Дар ин муҳит мақоми асосиро одамоне мебозанд, ки ҳар рӯз бо Шумо кору фаъолият дошта, бароятон пешравиро таъмин месозанд ва ё баръакс намегузоранд, ки ташаккул ёбед.

Рӯҳшиносон дар чунин ақидаанд, ки ҳар як сухане ки мешунавед, ҳар як ашёе ки мебинед ва ҳис мекунед, ба фикррониву рафторатон, албатта, таъсири худро мерасонанд. Дар ҳолати зери назорат қарор доштан ва некхоҳ будан метавонанд бароятон таъсири мусбӣ расонанд, вале вақте ки онҳо аз назорататон дуранд, рафторатонро ба тарафе моил месозанд, ки бароятон хос нест ва ин хеле хавфнок буда, ба нобарориҳои роҳбарӣ ва ҳатто барои барҳам додани он шароит муҳайё месозанд.

Мисол, агар аз китоб хондан, ки манбаи дониш аст, либоси тоза пӯшидан, ки рӯҳатонро болида нигоҳ медорад, бозмонед, он гоҳ ба чӣ мубаддал гаштанатонро худатон фаромӯш карда, аз мақсад фарсангҳо роҳ дур мешаваед.

Шахсе, ки аз атроф назорат менамояд, ин ҳолатро баръало мебинад, вале худатон инро камтар ҳис менамоед. Аз нигоҳи хиради менеҷмент элементҳо ё худ нишонаҳое мавҷуд мебошанд, ки ба он диққат дода худатон метавонед камбудиро сари вақт дарк намоед ва аз паи ислоҳи он кӯшед. Мисоли оддӣ, аз мизи кории худ шурӯъ кунед, агар ҳама бонизом, фаъолият бе қафомонию сари вақт супоришҳо иҷро гарданд, маълум мешавад, ки таъсири муҳит хуб аст. Вале агар дар болои мизи корӣ миқдори бисёри ҳуҷҷатҳои коркарднашуда, супоришҳои ба анҷом нарасида, китобҳои мутолианакарда ва ғ. муҳитрӯ фаро гирифта бошанд, аллакай бояд ҳис намоед, ки ба муҳити носолим дохил гаштаед ва бояд ҳар чӣ зудтар аз он халосӣ ёбед. Дар халқи тоҷик чунин гуфтор аст: «Аввал дафтари кориатонро ба ман нишон диҳед, баъдан ман мегӯям, ки Шумо кистед» ё ин ки «Рафиқатонро дида, ман кӣ будани Шуморо донистам».

Муҳити корӣ ба роҳбар чунон таъсир мерасонад, ки ҳатто мизоҷон аз қабули дарбон хулосаи худро бароварда ё ба корхона меоянд ё ин ки хулосаи ноӯҳдабароии кориро дида баромада мераванд. Бинобар ин, дар вақти интихоби муҳити корӣ ва ташкили кор, роҳбар вазифадор мебошад, ки низоми хуби кориро аз дарбони ташкилот то худаш ташкил ва онро ҳамеша риоя намоянд.

пешина
аз 566
навбатӣ