Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ҷода низ мақоми асосиро кордонӣ ва аз уҳдаи роҳбарӣ баромадани роҳбар мебозад. Диққати тамоми коллективро барои иҷрои мақсадҳо ва кору фаъолияти асосӣ тарзе бояд равона сохт, ки ҳама бо дилу ҷон дар пайи иҷрои вазифаи хеш бошанд. Муттамарказ намудани диққати кормандон аз як тараф иҷрои мақсади асосии ташкилот ва нишони асосии ташкили муҳити хуб буда, роҳбарро аз муҳити носолим нигоҳ медорад. Аз дигар тараф, чунин рафтор бояд ҳамчун одат ва қоидаи рафтории ҳар як корманд гардад, ки доимо дар беҳшавӣ буда, одамон аз нашъунамои он ҳаловат бубаранд. Вақте ки тамоми фикру ақида ва рафтори Шумо барои иҷрои мақсадҳои нек, истеҳсоли моли хуб ва ё хизматрасонии беҳтарин равона мебошад, ҳар як корманд кӯшиш менамояд, ки ҳар чӣ зиёдтар барои он ҳиссагузор бошад. Дар натиҷа барои дигар хислатҳои танбалӣ, рашку ҳасад ва туҳмату буҳтон дар ин муҳити озоди корӣ ҷой намемонад. Ба ибораи дигар як муҳити эҷодие ташкил карда мешавад, ки фақат мақсади созандагӣ ва беҳтаргардонии шароити зиндагониро дораду халос. Муҳити эҷодӣ муҳити орзуҳо, ҳаловатҳо ва муваффақиятҳо буда, вайронкорию парешонаҳволиро намепарастад.

Барои ноил гаштан ба чунин муҳит ҳар як роҳбар ва ҳар як фарди соҳибақл имкон дорад. Рӯҳшиносон дар он ақидаанд, ки ин корро метавон дар шакли оддӣ иҷро намуд. Як варақ қоғази сафед гирифта мақсади дилатонро сабт кунед, баъд аз он боз илова намоед, ки ман боварии қатъӣ дорам, ки ба мақсадам мерасам ва натиҷаи хуби молиявӣ гирифта ба атроф ва худам шароити хуби зиндагониро ташкил месозам ва дар поёни он имзо гузошта онро дар болои мизи кориатон тарзе гузоред, ки қариб ҳар рӯз чашматон ба он афтад ва як бор онро хонед ва албатта, ба орзую умедатон мерасед.

Ҳар як роҳбар барои таҳлили муҳит ва рафтори роҳбарии хеш вазифадор мебошад, ки худ ва муҳити корхонаро дар ҳар як давраи муайян таҳлил карда, хулосабарорӣ намояд, яъне панҷ сол пеш, се сол пеш ва як сол пеш дар куҷо дар кадом муҳит қарор дошт? Пеш рафтааст ё не? Оё боз захираю имконоти аз ин зиёдтар дорад? Аз қувваву имконоти нав ва муҳити дӯстон ва шахсони донишманду хирадманд дуруст истифода мебарад ё не? Бояд гуфт, ки пайвастагии ақлҳо, дӯстию ҳамкорӣ бо мардуми донишманду хирадманд, имкони пуркуввати ба орзуятон расиданро таъмин сохта, шуморо аз ҳар гуна

пешина
аз 566
навбатӣ