Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бинобар ин, таъкид дорем, хуб мебуд, аз чунин кормандон ба зудӣ халосӣ ёфта, дар атрофи худ шахсиятҳои донишманду некхоҳро зиёд намоед, то онҳо ба Шумо кӯмак расонида, барои иҷрои мақсадҳои некатон ҳамфикру ҳамақида бошанд, чунки фақат иттифоқи солим инсонҳоро барои созандагӣ ҳидоят менамояд ва бурда мерасонад.

Дар ҳаёт боз бисёр ҳодисаҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки бо шарофати шахсиятҳои хирадманд инсонҳо дорои ихтисосу обрӯю эътибори баланд гаштаанд. Ҳар як роҳбари соҳибақл устоди касби хеш, идеали мусбии фаъолияти хешро дошта, бо баҳра гирифтан аз он кору фаъолият доранд. Ё ин ки дар мададрасонии аксари одамони бузург мо ҳамсарашонро мебинем, ки онҳоро кӯмаку дастгирӣ намуда, ба қуллаҳои баланди умед бурда мерасонанд. Дар ин бора мо дар мавзӯи гузашта мисолҳои зиёде оварда будем.

Хонандаи азиз, дар хотир дошта бошед, ки дар ҳама ҳолатҳо мо фақат ва фақат дар он ҳолат бурд менамоем, агар диққатро ба як фикри солим муттаҳид сохта, сари он пайваста андеша ронем. Бинобар ин, вақте ки аз муҳит дилмонда шуда, куҷо рафтанатонро надошед, кӯшиш намоед, ки лаҳзае танҳо монда, қоғазу қалам гирифта нависед, ки чӣ мехоҳед. Ва соатҳо фақат сари ин фикри наҷиб андеша намоед. Тавассути ин амал Шумо аллакай қадами аввалро мондед. Акнун қадами дуввум - қувваю ғайрат ва имконотро ба он равона сохта, аз паи иҷрои ин мақсад гардед, чунки асоси фалсафаи инкишофи иқтисодӣ низ равона сохтани тамоми кӯшишу ғайрат барои иҷрои мақсади муайян мебошад.

Барои халосӣ ёфтан аз нобарориҳо ва дигар роҳ надодан ба он зарур аст, ки дар хотираи мо ин фаъолиятҳо нақши худро дошта бошанд. Агар хотираи мустаҳкам ва қавӣ надошта бошем, аз ин нобарориҳо қариб ҳеҷ гоҳ халос намегардем.

Хотираи роҳбарӣ дар асоси як қатор қонуниятҳои хос амал карда, дар ташаккули рафтори роҳбарӣ саҳми беандоза дорад:

  1. Қабули дуруст ва нигоҳдории хотира. Хуб мебуд, ки мо барои пурра ва мӯҳлати зиёд дар хотир нигоҳ доштани ахбор, фаъолият ва ё ҳолатҳоро дар воситаҳои ахборӣ сабт намоем ва дар бойгонӣ нигоҳ дорем.
пешина
аз 566
навбатӣ