Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Хотирот ё худ истифода аз хотира бояд дар асоси истифодаи сарчашмаҳои ахборӣ, навиштаҷотҳо ва наворҳо сурат гирифта, бо мақсади дар оянда қабул намудани қарори дурусти роҳбарӣ ва ба хатоҳо роҳ надодан, онро дар хотироти худӣ роҳбар мустаҳкам намоем.

  2. Шинохти хотирот. Вақте ки роҳбар хотироти хешро аз ахбори зерин пурра месозад, он гоҳ дар фаъолияти кории худ бояд онро самаранок истифода карда тавонад, яъне аз рӯи он хотироте, ки дошта буд, ахборотро шинохта гирад. Агар чунин як қобилияти мураккаби роҳбариро надошта бошед, он гоҳ ба нобарориҳо дучор мегардед. Ин фаъолияти роҳбариро ҷараёни истифодаи ахбори хотиротии ақлонӣ гуфта, ҳамчун нишонаи сифатии хиради менеҷмент баҳогузорӣ менамоянд.

Шинохти хотирот дар навбати худ боз талаботи худро дорад. Барои он ки фаъолияти хотироти кӯҳна нагардад ва фаъол бошад, хуб мебуд, ӯро доимо сайқал дода, ба он донишҳо ва фаҳмишҳои нав ворид созед. Кӯҳнашавии хотирот ин кӯҳнашавӣ ва ё қафомонии фаъолияти роҳбарӣ буда, оқибат ба самаранокии коратон таъсири манфӣ расонида, худатонро аз бозор дур месозад, ки дар натиҷа пайдо кардани харидор бароитон хеле мушкил мегардад.
Инчунин, хуб мебуд агар хотиротро аз ҳар гуна чизҳои нолозими дуюмдараҷа ва сеюмдараҷаю кинаю адоват тоза намуда, дар он фақат фикрҳои созандагиро ҷой мекардед, он гоҳ ҳам худ ҳаловат мебурдед ва ҳам ба дигарон кӯмаки калон мерасонидед. Хотиротро бо ахборе пурра созед, ки ҷисматон ҳаловат бубарад.
Барои ҳаловати рӯҳиятон, баъзе ахборро дар хотирот метавонед бо рақамҳо ва рӯзҳои хушбахтиатон ҷойгир созед. Мисол, рақами хонаатон, рӯзи таваллуди фарзандатон, номи меваи дӯстдоштаатон, рӯзи ба донишгоҳ қабул шуданатон, рӯзи ҳимояи рисола ва дигар нишонаҳою рӯзҳои неке, ки дар ҳаёти ШУМО нақши муҳими некӣ гузоштаанд. Машқи пайвастаи хотирот нишонаи кордонии роҳбар буда, имкон медиҳад, ки диққатро ба масоили асосӣ ҷалб карда тавонед.
Дар хотир дошта бошед, ки агар чунин қобилиятро дошта бошед, аз имкони хотиротии дигар шахсиятҳо хуб огоҳӣ ёфта, онҳоро гӯш карда метавонед ва маҳсули донишу хиради онҳоро ба худ мегиред. Дар навбати худ ба рафтори онҳо таъсир расонида метавонед, ки ин талаботи асосии роҳбарӣ ба шумо меравад, яъне истифодаи хотироти шахсӣ барои таъсиррасонӣ ба худи ӯ

пешина
аз 566
навбатӣ