Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сарватманд шудан ва ё дар ҷойҳои хушманзараи дунё саёҳат кардан намуда, аммо нақшаи расидан ба онро тарҳрезӣ намесозанд ва ин ҳамчун орзӯи ширин дар ниҳоди онҳо мемонад.

Бинобар ин, дар хиради менеҷмент таъкид карда мешавад, ки нақшаи мақсадҳои олии зиндагии худро дар мувофиқа бо нақшаи вазифадорӣ тартиб диҳед, то дар баробари вазифадорӣ ба мақсадҳои фардии хеш расида, ҳаловат бубаред. Албатта, мақсадҳои фардии шахсиятҳо каме хоҳишу дархостҳои баланд дошта, нақшаҳо ва мақсадҳои вазифадорӣ маҳдуд мебошанд, вале дар зинаи баланди вазифадорӣ, аксари роҳбарони хирадманд ба мақсадҳои фардии хеш низ ноил мегарданд. Мо бояд таҷрибаи зиндагӣ ва роҳбарии онҳоро пурра омӯхта, идеали худро аз таърих ва ё аз шахсиятҳои роҳбарони амалкунанда пайдо ва бомуваффақият кору фаъолият намуда, «Зиндагонии хуб» - ро бароямон таъмин созем. Ба ин мақсади наку фақат ҳамонҳое расида метавонанд, ки мароми созандагӣ дошта бошанд ва онро ҳам бар манфиати коллектив ва ҳам барои муваффақиятҳои роҳбарии хирадмандонаи хеш самараноқ истифода бубаранд.

47.5. Боварӣ дар амалигардонии фикрҳо ва иҷрои нақшаҳои роҳбарӣ

Боварӣ дар амалигардонии фикрҳо ва иҷрои нақшаҳои роҳбарӣ омили асосии муваффақиятҳо ва яке аз нишони муҳаббати ҳақиқӣ дар ҳама ҳолатҳо буда, шакли асосӣ ва ягонаи ҳиссии инсон ба Худованд аст.

Аз тарафи дигар, ин қоидаи асосии худбоварсозӣ дар татбиқи фикру нақшаҳои роҳбарӣ барои ба даст овардани манфиат буда, ҳолати шуурнокии инсонҳоро оид ба рафторашон дар фаъолияти корӣ ва фардиашон муайян месозанд. Аксар одамон вобаста аз фаҳмиши худ ягон фаъолиятро иҷро карда, боварӣ ҳосил месозанд, ки тавассути он дониши худро сайқал медиҳанд ва ё барои зиндагонии хеш сарвате пайдо менамоянд.

пешина
аз 566
навбатӣ