Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки агар барои иҷрои фаъолияте ва ё коре боварии комил пайдо кардаед, ба мақсади хеш мерасед, чунки хирадатон мутобиқи қоидаҳои боваркунӣ рафтор намуда, Шуморо ҳатман ба мақсад ноил месозад.

Боварӣ — ин ҳолати дарки инсонҳо мебошад, ки бевосита ба хоҳиши онҳо ба вуҷуд омада, қоидаҳои махсуси худбовариро пайдо намудааст. Ва бояд гуфт, ки ҳар як фикру ақида агар дар навбати аввал ба Шумо писанд нагардад, баъди маротибаи дуюму сеюм такрор шудан, бо донишу фаҳмишатон омехта шуда, шакли материализатсияи худро пайдо месозад. Эҳсосоти амалигардонии ақидаҳо ва фикрҳои роҳбарӣ, ин қисми таркибии омили фикрронӣ ва дониш буда, онро қувват мебахшад. Боварӣ, эҳсосот, дӯстдорӣ, фикр ва хоҳиш дар якҷоягӣ як қувваи самараноки амалигардонии ақидаҳои роҳбарӣ ба ҳисоб мераванд.

Барои ноил гаштан ба ин муваффақиятҳо ҳар як роҳбари соҳибхирад бояд пешакӣ дониста бошад, ки дар фаъолияти роҳбарӣ одамони зиёд ба «ноомадиҳо»-и кор дучор гаштаанд, ки мо оиди он дар аввали ҳамин мавзӯъ гуфта гузаштаем. Аз тарафи дигар, аксар мардум боз тавассути дар фаҳмиши худ ҷой додани омили дигари боварӣ, яъне қашшоқии онҳо гӯё табиатан бошад, як умр бадбахт мемонанд. Ин гуна одамон дар худ як модели нодурусти нобовариро тарҳрезӣ намуда, аз инкишоф мондаанд. Дар ин ҷода бояд гуфт, ки дар баробари ба асаби худ ворид сохтани ҳама гуна ахбор, баъди ду-се маротиба такрор намудан асабатон онро ҳамчун одат қабул намуда, бовар мекунад ва шумо ба фиреби ақлонии хеш гирифтор шуда, аз фикрронӣ ва умуман аз ташаккул мемонед. Ва баръакс бо роҳи худбоварӣ ва маҷбурсозии хеш, барои ба даст овардани муваффақият метавонед асабатонро бовар кунонед, ки фикру ақидаҳои некатон амалӣ гашта, фоидаи зиёдеро соҳиб мегардед.

Аз ин ҷо, боварӣ ҳолати фаҳмишу дониши одамон мебошад, ки дар натиҷаи худбоварӣ ба вуҷуд меояд. Дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи инкишофи башарият, диндорон одамонро барои бовар кардан ба Худои якаю ягона даъват намуда, онҳоро аз ҳама гуна тарсу ваҳм ва азоби рӯҳӣ раҳо додаанд, вале оид ба ба даст овардани боварӣ ҳамчун ҳолати шуурноки одам, кам диққат дода шудааст. Мо ба Шумо хонандаи азиз, таъкид карданием, ки пеш

пешина
аз 566
навбатӣ