Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
аз ба коре ва ё фаъолияте шурӯъ намудан ба «Худо ва хеш» боварии комил пайдо созед ва ин сарчашмаи ҳамаи муваффақиятҳо хоҳад гардид.
Инчунин, дар хотир дошта бошед, ки:
- Боварӣ — ин қувваи доимии ҳаракатдиҳанда ва дилпуркунанда мебошад.
- Боварӣ — ин нуқтаи аввалини тамоми боигарии мост.
- Боварӣ — ин асоси тамоми ихтироот ва вуҷудкориҳою тадқиқоти инсонист.
- Боварӣ — ин нӯшоруи тамоми ноомадҳо мебошад.
- Боварӣ — ин шӯълаи фирӯзандаи донишу фаҳмиши инсонист.
- Боварӣ — ин миёнарави асосии одаму Худованд аст.
Хислати одамӣ чунин аст, ки вақте оиди ягон ҳодиса ва ё фаъолияти инсонӣ якчанд маротиба мешунавем, хоҳ нохоҳ бовар карда, оиди нодурустии вай ҳатто андеша ҳам намекунем. Рӯҳшиносон дар чунин ақидаанд, ки вақте одами дурӯғгӯй доимо дурӯғро ба ҷои рост истифода мебарад, дар фаҳмиши вай дурӯғ доимо рост аст.
Андешаҳое, ки бо эҳсосот омезиш меёбанд, боз ақидаҳои ҳамранги эҳсосотиеро пайдо месозанд, ки мазмуни андешаронии Шуморо дарҷ карда наметавонанд. Бинобар ин, дар вақти фикрронӣ роҳбар набояд ба эҳсосот дода шавад. Андешаронии боақлона дар натиҷаи такрор ба такрор андешидани он ва паҳлӯҳои гуногуни онро таҳлил карда, дар худ боварӣ ҳосил кардан пайдо мегардад. Дар ҳақиқат, ҳар яки мо агар таҳлил созем, тамоми он ноомадҳо ва нобарориҳои мо аз боварии пурра надоштани худи мо дар иҷрои он ба миён меоянд. Аз ин хотир, мо бояд диққатро ба он равона созем ва ба худ боварӣ пайдо сохтанро омӯзем.
Аз нигоҳи мутахассисон барои қобилияти боварӣ пайдо кардан, қадамҳои зеринро гузоштан зарур аст:
- Ман медонам, ки қобилияти баланди ба мақсадрасиро дорам ва аз худ талаб мекунам, ки доимо дар ҳаракат бошаму фикру ақидаҳои навини худро пайдо сохта барои иҷрояшон бо боварии калон қадам гузорам. Ман бовар дорам, ки албатта, аз ӯҳдаашон мебароям ва мекӯшам, ки кори имрӯзаро ба фардо нагузорам, чунки ҳар як лаҳза барои ман арзиши қиммат дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор